23 октябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо Вазири маориф ва таҳсилоти олии Қатар хонум Лулва бинти Рошид Ал-Хотир ва директори генералии Фонди рушди Қатар Фаҳад Ҳамад Ал-Сулайтӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар хабар доданд, ҷонибҳо роҳҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф, аз ҷумла бунёди марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, мактабу муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ ва сармоягузориҳои соҳаи энергетикаро ҳамчун соҳаи рушди устувор ба таври муфассал баррасӣ намуданд.
