Ифтитоҳи Дафтари консули фахрии Маҷористон дар Душанбе

7 апрел дар Душанбе бо иштироки Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Петер Сийярто Дафтари консули фахрии Маҷористон кушода шуд.

Тавре дафтари матбуотии ВКХ менависад, ифтитоҳи дафтари консули фахрии Маҷористон иқдоми муҳим дар масири густариши муносибатҳои байни ду давлат мебошад. Дар расми ифтитоҳи ин дафтар Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки ин Дафтар ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя, рушди сайёҳӣ ва табодули фарҳангӣ саҳм хоҳад гузошт.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз Петер Сийярто Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Маҷористон, ки дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ташкил шуда буд, иштирок намуд. Иштирокчиён вобаста ба фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, фармасевтӣ ва дигар соҳаҳо маълумот дарёфт намуда, ҷиҳати роҳандозӣ ва тавсеа коршарикӣ бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ изҳори ҳавасмандӣ зоҳир карданд.

Ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ, пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар сиғаи “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, дар он бахши хусусии мамлакат бо ҳамтоёни худ суҳбати озоду самарабахш анҷом доданд.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон 2 июли 1992 барқарор шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *