Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари кишвари ҳамсояро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба мардуми ин давлати дӯсту ҳамсоя сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз самтҳои муҳим ва авлавиятдор аст. Таъкид шуд, ки мо бо такя ба муштаракоти безавол муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судмандамонро ба зинаҳои боз ҳам баландтар хоҳем баровард.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии гарму самимӣ ва бародарона изҳори сипос карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот рушди ҳамкории байни кишварҳоро дар сатҳи дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд.
Тамосҳои сиёсии сатҳи олӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, нақлиётиву транзитӣ ва кишоварзӣ аз самтҳои муҳиму ояндадори рушду тавсеаи робитаҳои ҳамкории ду кишвар номида шуд.
Таъкид гардид, ки оқибатҳои ногувори пандемия ва баста шудани марзи давлатии байни ду кишвар ба раванди муомилоти тиҷоратии кишварҳо таъсири манфӣ расонид.
Аз ин рӯ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар ояндаи наздик таъсис додани Шӯрои кории “Тоҷикистон ва Афғонистон”-ро иқдоми муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар мулоқот имкониятҳои васеъ дар самти ҳамкории соҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, иншооти гидротехникӣ, татбиқи барномаҳои муштарак дар самтҳои мазкур, амалисозии лоиҳаи “САSA-1000” намунаи боризи талошҳои муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон дар ростои ба ҳам пайвастани шабакаҳои энергетикии кишварҳои минтақа маънидод гардид.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати мусоидат ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардуми дӯсти Афғонистон бунёди иншооти тавлиди нерӯи барқ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва хаттҳои фаромарзии интиқоли он, аз ҷумла лоиҳаҳои нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва хатти баланшиддати (500 Кв) таҳвили нерӯи барқи “Роғун-Пули Хумрӣ”-ро рӯи кор гирифта шудааст.
Тоҷикистон ҳамчунин талош дорад, ки байни кишварҳо долонҳои нави нақлиётӣ сохта шаванд ва дар ин ҷода лоиҳаҳои барои ҷонибҳо судманди минтақавӣ амалӣ гарданд. Мавриди зикр аст, ки то имрӯз байни Тоҷикистон ва Афғонистон шаш пул сохта мавриди истифода қарор дода шудааст. Гузоштани заминаи меъёриву ҳуқуқии рушди тиҷорати транзитӣ тавассути долонҳои нақлиётӣ бо иштироки кишвари дӯсти Афғонистон зарур шумурда шуд.
Вобаста ба вазъи мавҷуда ҳамчунин зарурати ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ қайд карда шуд. Таъкид гардид, ки дар чорчӯбаи Комиссияи мазкур имкон аст, ҳамкориҳои мутаносибан судманд дар заминаҳои мухталифи мавриди эҳтимом, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, илму маориф, бахшҳои фарҳангиву башарӣ ва дигар самтҳо тақвият бахшида шавад.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсили шаҳрвандони Афғонистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар 50 бурсия ҷудо мекунад. Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 500 донишҷӯи афғон таҳсил мекунанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи баланди имрӯзаи ҳамкориҳои мақомоти қудратӣ, мудофиа ва махсуси кишварҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар марҳалаи ҳассоси замони муосир, бахусус фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро ҳамкории васеъ ва амалии кишварҳо дар арсаи амниятӣ амри зарурӣ дониста шуд.
Ба ин мақсад ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Комиссияи муштараки ҳамкориҳои амниятӣ ва марзиро мувофиқи мақсад шуморид.
Президенти мамлакат таъкид карданд, ки Тоҷикистон талошҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати таъмини амният ва барқарории сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ мекунад.
Дар Тоҷикистон Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” баргузор мегардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки натиҷаи ин ҳамоиш ба раванди барқарорсозии сулҳ дар Афғонистон ва пешрафти иқтисодии он саҳми босазо хоҳанд гузошт.
Дар охири музокирот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар меҳмони олимақом ва ҳайати ҳамроҳи ӯро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барои даъват ҷиҳати анҷом додани боздид аз сарзамини бостонии Афғонистон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.