Аёдати фарзандони падар ва пайвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

25 март сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати мусоид, бо хислатҳои наҷиби инсондӯстӣ ва бо риояи анъана ва суннатҳои хоси наврӯзӣ — аёдати наздикону пайвандон ба дидорбинии фарзанди падар ва пайвандонашон омаданд.

Фарзандону наберагони хонадон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ҳамчун нишони эҳтиром барои бобои худ шеърҳо қироат карданд.

Сари дастархон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҳарбузургашон суҳбати самимие доир карда, аз ҳолу аҳволашон пурсон шуданд ва барои шод кардани арвоҳи гузаштагон дуову фотеҳаи нек намуданд.

Инсондӯстӣ, эҳтирому қадршиносии фарзандони падар ва пайвандон, огоҳ шудан аз ҳолу аҳвол ва шароити зиндагии онҳо аз хислатҳои бузург ва шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Зимни ҳар як мулоқот бо сокинони мамлакат Пешвои миллат дар бораи дӯст доштани бародарону хоҳарон, эҳтиром гузоштан ба падару модар ва ба онҳо содиқона хизмат намуданро ҳамеша талқин менамоянд.

Дар Тоҷикистон инсон ва шарафи он дар ҷой аввал меистад. Меҳру муҳаббат ва эҳтирому эътиқод нисбат ба авлод боиси сарҷамъии хонадон, рафоқати онҳо ва дар маҷмуъ боиси муттаҳидии аҳли ҷомеа мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *