24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли дучарха ва ҷӯроббофии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомони Расул» оғоз бахшиданд.
Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Расул Соҳибназаров ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст, ки бо таъсиси он 30 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор таъмин шуданд.
Ба таъкиди мутахассисон барои истеҳсоли дучарха аввалан қисмҳои эҳтиётӣ, ки асосан аз маҳсулоти оҳанӣ иборат аст, омода карда мешавад.
Ҷараёни истеҳсоли аксар қисмҳои дучарха бо истифода аз кафшер анҷом ёфта, мутахассисони касбӣ онро бо сифати баланд иҷро менамоянд ва аксари амалиёт дар ҷараёни истеҳсолот дастӣ сурат мегирад. Дар корхона барои сохтани қисмҳои дучарха дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ насб гардидааст.
Ба гуфтаи мутахассисон баъзе аз қисмҳои эҳтиётии дучархаҳо аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни истеҳсоли дучархаҳои ҳаҷму андозаашон гуногун дар ин корхонаи навбунёд шинос шуда, ба сифати кор ва заҳмати кормандон баҳои баланд доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар корхона истеҳсолӣ беш аз 10 намуд дучарха бо шаклу андозаҳои гуногун ба роҳ монда шудааст ва имкон аст, ки дар як моҳ 1000 адад дучарха истеҳсол гардад.
Бо дарназардошти он, ки солҳои охир талаботи аҳолӣ ба дучарха бештар шудааст, масъулони корхона маҳсулотро бо сифати баланд истеҳсол намуда, ба мизоҷон пешниҳод менамоянд. Дучархаҳои истеҳсолкардаи корхона ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор рафта, бо нархҳои дастрас пешниҳоди харидорон мегардад.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомони Расул» дар баробари истеҳсоли дучарха дар сехи алоҳида истеҳсоли ҷӯроб низ ба роҳ монда шудааст.
Дар коргоҳи мазкур 20 адад дастгоҳи бофандагии истеҳсоли Чехия ва Кореяи Ҷанубӣ насб гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ то 100 ҳазор ҷуфт ҷӯроб дар як моҳ мебошад. Айни замон дар коргоҳи мазкур 10 нафар сокини маҳаллӣ, ки аксарашон занону бонувон мебошанд, ба кор ҷалб гардидаанд.
Маҳсулоти хом ба коргоҳ аз корхонаҳои ресандагии мамлакат дастрас карда шуда, риштаи ранга то марҳилаи ниҳоӣ коркард мегардад, ки дар натиҷа ҷӯробҳои пахтагини босифат истеҳсол мешавад. Ҳоло ҷӯробҳои истеҳсолнамудаи ин корхона ба бозору марказҳои савдои вилояти Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод шуда, харидорони худро дорад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомони Расул» нақша дорад, ки иқтидори истеҳсолии дучарха ва ҷӯробро афзоиш дода, дар баробари таъмини талаботи сокинони мамлакат, содироти масҳсулоти ватаниро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.
- Covid-19
- Cобиқадорон
- Амният
- Афғонистон
- Ахбори ВКД
- Без рубрики
- Варзиш
- Гузоришҳои тасвирӣ
- Дар расонаҳо
- Иқтисод
- Илму маориф
- Интихобот
- Истиқлол
- Иҷлосияи тақдирсоз
- Китобҳо
- Кишоварзӣ
- Кормандон
- Матолиби савтӣ
- Матолиби чандрасонаӣ
- муносибатҳои байналмилалӣ
- Паёми "Тоҷикистон"
- Парлумон
- ПРЕЗИДЕНТ
- роҳбарият
- Сайёҳӣ
- Сармуҳарирон
- сиёсат
- Сохтор
- Тандурустӣ
- Ташаббусҳои Тоҷикистон
- Таърих
- Тоҷикистон
- Фарҳанг
- Хазинаи тиллоӣ
- Чандрасонаӣ
- Ҷадвали пахши барнома
- Ҷаҳон
- Ҷомеа
- Шарҳи матбуот
- Экология
- Экономика