Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз рӯзҳои 1-3 июли соли 2025 дар 23-юмин нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ (Islamic Financial Services Board – IFSB), ки дар шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш баргузор гардид, иштирок намудааст.
Ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ ин чорабинии сатҳи баланд, ки бо мизбонии Бонки марказии Марокаш гузаронида шуд, намояндагони бонкҳои марказӣ, мақомоти танзимгар, муассисаҳои молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро аз кишварҳои гуногун ба ҳам овард. Ҳадафи асосии нишаст таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва рушди устувори молияи исломӣ арзёбӣ мегардад. Дар ҳамоиш масъалаҳои калидӣ, ба монанди суботи низоми молиявии исломӣ, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва тақвияти механизмҳои танзимиву назоратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа ҳисоботи солона ва натиҷаҳои аудити молиявии IFSB шунида шуда, масъалаҳои марбут ба узвият ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ояндаи Шуро, инчунин самтҳои стратегии рушди ояндаи молияи исломӣ ва нақши IFSB дар ин раванд муҳокима гардиданд. Нишасти мазкур, ки ба ҳайси як рӯйдоди муҳим дар тақвияти суботи молияи исломӣ арзёбӣ мегардад, дар баробари таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ нақши IFSB-ро ҳамчун созмони роҳнамо ва пешсаф дар рушди молияи исломии ҷаҳонӣ боз ҳам устувор намуд.
Дар доираи ҳамоиш муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои умумӣ ва нишастҳои мавзуии IFSB фаъолона иштирок карда, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои рушди молияи исломӣ, таҳкими низоми танзиму назорати бонкӣ, тақвияти бозори молиявӣ ва ҳамгироии минтақавӣ баён намудааст.

Дар ҳошияи нишаст Фируз Шарифзода бо роҳбарони як қатор бонкҳои марказии кишварҳои аъзои IFSB, инчунин бо намояндагони ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ мулоқоту музокироти судманд анҷом дод.
Дар рафти вохӯриҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, омӯзиши таҷрибаи пешрафта, дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ ва техникӣ, ҳамчунин ҷалби коршиносон ва баргузор намудани омӯзишҳои муштарак дар бахши молия ва бонкдории исломӣ баррасӣ гардиданд.
Бо назардошти афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба молияи исломӣ ва иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими низоми молиявии кишвар, иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Ин раванд имкон фароҳам меорад, ки таҷриба ва стандартҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҷорӣ гардида, заминаи ҳуқуқӣ ва инфрасохтории зарурӣ барои рушди хизматрасониҳои исломӣ ба вуҷуд оварда шавад.
Сафари кории ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Марокаш ва иштирок дар нишасти солонаи IFSB қадами навбатӣ дар роҳи тақвияти ҳамкорӣ бо муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ва шарикони рушд буда, барои табодули таҷриба дар соҳаи молия ва бонкдории исломӣ заминаи мусоид фароҳам овард.