Ҳушдории КҲФ аз ҳавои бесобиқаи гарм ва эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки аз 4-ум то 7-уми июли соли ҷорӣ ба сабаби вуруди ҳавои гарм ва хушк аз самти минтақаҳои ҷанубу-ғарбӣ ҳарорати ҳаво ғайримунтазирона баланд мешавад.

Тибқи маълумоти манбаъ, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо, доманакӯҳҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ чунин пешгӯӣ мешавад: дар водиҳои вилояти Хатлон аз 42 то 47°, қисматҳои водии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 39 то 44°, водиҳои вилояти Суғд аз 38 то 43°, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ аз 35 то 40°, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 34 то 39° (дар ноҳияи Дарвоз то 42°) гарм мешавад.

Бо сабаби гармшавии тӯлонӣ ва зиёд шудани обшавии қабати барфу пиряхҳо дар минтақаҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Суғд ва минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо дар натиҷаи об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.

Селҳо метавонанд боиси болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо гарданд.

Кумита аз аҳолӣ бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки сари вақт селроҳаву ҷӯю заҳбурҳои ҳудуди худро аз ҳар гуна хасу хаспораву регу шағал тоза кунанд, то ки оби хориҷшуда аз соҳили дарёҳо сабаби вуруд ба хонаҳо нагардад.