3 июли соли 2025 дар Манома мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн (қароргоҳ дар Риёз) Акрам Каримӣ бо вазири саноат ва тиҷорати Баҳрайн Абдуллоҳ Фахру баргузор гардидааст.
Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Баҳрайн дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва нақлиёту логистика баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо дар бораи роҳҳои афзоиши гардиши савдо миёни ду кишвар табодули назар карданд.
Дар ин замина, баргузории ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Баҳрайн оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва техникӣ муҳим дониста шуд.