БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА ТАҲИЯИ ЛОИҲАИ КОДЕКСИ ЭНЕРГЕТИКӢ

02-юми июли соли равон дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст.

Ба иттилои сомонаи Вазорати энергетика ва захираҳои об, дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, коршиносони соҳаи энергетика, инчунин намояндагони ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ, ки дар соҳаи энергетика фаъолият доранд, ширкат варзиданд.

Зимни ҷаласа ҷараёни таҳия лоиҳаи кодекс мавриди баррасӣ қарор гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати мукаммалсозии он дар заминаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва талаботи муосири рушди энергетика манзур гардиданд.

Лоиҳаи Кодекси энергетикӣ фарогири масъалаҳои калидии соҳа, аз ҷумла баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия, танзими муносибатҳо дар бахши истеҳсол, интиқол ва истифодаи неруи барқ, гармӣ ва геотермалӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таъмини амнияти энергетикӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мебошад.

Таъкид гардидааст, ки айни замон 70 дарсади лоиҳаи кодекс таҳия гардида, ин санад барои танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҳуқуқӣ дар бахши энергетика ва таҳкими заминаи қонунгузорӣ ҷиҳати рушди устувори соҳа аҳамияти хос дорад.