Обу ҳаво
11 март дар водиҳои вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво шабона 8+13° гарм, рӯзона 13+18° гарм ва дар доманакӯҳо ҳарорати ҳаво шабона 3+8 гарм ва рӯзона 8+13 гарм мешавад.
Ҳарорати ҳаво дар ғарби Вилояти мухтори куҳистони бадахшон шабона аз -3 +2° гарм ва рӯзона 4+9° гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 10-15 хунук, рӯзона аз -3 хунук то +2° гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд дар водиҳо шабона +3+8° гарм, рӯзона +11 +16° гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад, шабона аз -4 хунук то +1° гарм ва рӯзона 2+7° гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво шабона +6 +8° гарм, рӯзона +14 +16° гарм мешавад. Дар қисмати водиҳои Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво шабона 5+10° гарм, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -2 хунук то +3° гарм ва рӯзона 4+9° гарм мешавад.
Агентии обуҳавошиносӣ огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 11-15 марти соли ҷорӣ дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимолияти фаромадани тарма пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водибуда ва доманакӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва НТҶ фаромадани сел дар назар аст.
Қурби асъор
Барои рӯзи 11 март 1 доллар ба 11 сомону 30 дирам, 1 евро ба 13 сомону 46 дирам ва 10 рубл ба 1 сомону 51 дирам баробар аст.
Тақвими рӯз
Бояд гуфт, ки 11 марти соли 1912 аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» нашр шуд. Ин рӯйдоди муҳими таърихиву фарҳангӣ сароғоз ва нахустин қадамҳои устувори матбуоти тоҷик маҳсуб мешавад. Нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф» сарчашмаи асосии матбуоти миллӣ гардид. Ба ин муносибат ҳамасола дар кишвар Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад.
11 марти соли 1702 аввалин шумораи рӯзномаи англисизабони «The Daily Courant» нашр шуд.
Ҳамин рӯзи соли 1993 Парлумони Гурҷистон қонунеро қабул намуд, ки ба ҳамаи истиқоматкунандагони мамлакат, новобаста аз донистани забони гурҷӣ шаҳрвандӣ дод.
Дар ин рӯзи соли 2019 Озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид ва лоиҳа бо рамзи «Тоҷ», ки аз ҷониби гурўҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии раиси шаҳри Душанбе Рустамӣ Эмомалӣ таҳия шудааст, бо гирифтани 45 хол сазовори ҷойи якум гашт.
Ҷадвали пахши барномаҳо
То соати 10 дар Радиои Тоҷикистон рӯйи мавҷи 104,7 fm барномаҳои «Насими субҳ”, «Нигоҳи нав» ва «Фасоҳати калом» пахш шуданд. Барномаи “Нигоҳи нав” аз идораи барномаҳои таҳлилӣ ба рӯзи матбуот бахшида шудааст ва шумо метавонед такрори онро соати 15:35 дақиқа гуш карда бошед.
Соати 10:15 дар Радиои “Тоҷикистон» барномаи «Рисолати муқаддас» ва соати 12:15 барномаи «Аз табори Хуршед» пахш мешавад, ки дар он ҳамкорони мо бо Хурсандмурод Зарипов суҳбат мекунанд.
Дар соати 13:15 барномаи «»-ро шунида метавонед. Дар ин барнома оид ба Воридшавии ваксина зидди КОВИД-19 ба Тоҷикистон маълумот гирифта, Суҳбат бо Директори Маркази ҷумҳуриявии имуннопрофилактикаро шунида метавонед. Ҳамчунин, дар барнома вобаста ба Пешгирӣ аз бемориҳои зуком маълумот хоҳанд дод.
Агар барои Шумо санъати ҳайкалтарошӣ ҷолиб бошад, пас дар соати 15:15 суҳбати ҳамкорони моро бо ҳайкалтарош – Хушдил Худоёрбеков дар барномаи «Анвори ҳунар» бишнавед.
Ба диққати мухлисони футбол мерасонем, ки соати 17:40 барномаи «Ҷаҳони футбол» пахш мешавад ва дар он навигариҳои варзиши №1-ро шунида метавонед.
Ҳамин тавр, дар соати 19:15 барномаҳои шомгоҳии Радиои “Тоҷикистон» дар рӯйи мавҷи 104,7 fm бо барномаи “Шом ба хайр» оғоз мегарданд.
Дӯстони азиз ҳар соат дар мавҷи Радиои “Тоҷикистон» хабару гузориш пахш шуда, давоми рӯз дигар барномаҳои шуниданиро пайгирӣ карда метавонед.
Ҳамзамон, моро дар суроғаи https://radiotoj.tj ва дар Фейсбук, Инстаграм, Твиттер ва Телеграму Ютуб бо номи Радиои Тоҷикистон (@radiotojikiston) ҳамроҳӣ карда метавонед.