Дар Маҷлиси намояндагони вакилот самтҳои асосии фаъолияти Вазорати адлияро баррасӣ намуданд.
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфта шуд, ки лоиҳа асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои фаъолият, ташкил, низом, сохтор, ваколатҳо, хизмат дар мақомоти адлия, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддӣ ва техникии мақомоти адлияро муайян менамояд.
“Дар лоиҳаи номбурда мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дониста шудааст, ки дар доираи ваколатҳои худ таъмини сиёсати давлатиро дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар соҳаҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, амалӣ менамояд”-омадаст дар хабарномаи Парлумон.
Ҳамчунин, қайд карда шудааст, ки дар баробари дигар масъалаҳо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қаблан гуфта шуда буд, ки таъсиси медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 2 моддаи 8 ва моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Пешниҳоди мазкур бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани ин санаи барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим, таърихӣ ва тақдирсоз ва бо медали ҷашнӣ қадр намудани шахсони арзанда, ки барои ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, таҳия гардидааст.