Афзоиши ҳаҷми дастгириҳо ва рушди фазои сармоягузорӣ

Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Намояндагии доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба имконияти афзоиши ҳаҷми дастгрии молиявии БОР-ро дар амалигардонии чораҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба буҷети давлатӣ, инчунин татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи рушди миёнамуҳлати иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025” мулоқоти маҷозӣ доир намуданд.

Бино ба иттилои Вазорат Завқи Завқизода ва Шенни Кэмпбелл, ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои асосӣ, аз қабили сармоягузорӣ ба инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиёт, рушди фазои сармоягузорӣ ва минтақахои озоди иқтисодӣ, иқтисоди сабз, таҳсилоти касбӣ ва тренингҳо (семинарҳо), инчунин мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлимро бо таваҷҷӯҳ ба минтақаҳои сустаррақикардаи кишвар муҳокима намуданд.

Дар охири мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд изҳор намудаанд.

Бояд гуфт, ки имрӯз ҳам аз тарафи Парлумони кишвар Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика», Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика“ ва Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо» баррасӣ гашт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *