Ширкати Facebook худро дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шахсони хориҷӣ анчом дода мешаванд, ба қайд гирифт.
Дар идомаи ин хабари Кумитаи андоз гуфта мешавад, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 декабри соли 2020, № 1744, шахсони хориҷие, ки мустақиман ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, бояд дар асоси пешниҳоди ариза дар шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта шаванд.
Қаблан ҳам мақсад аз ин тағйиротро масъулин чунин шарҳ доданд: “ин андози нав набуда, танҳо як ҳолати махсуси андозбандии ААИ мебошад. Тахмин меравад, ки «андоз аз Google» як манбаи дигари даромади буҷаи давлат хоҳад шуд. Ғайр аз ин, тағйиротҳо ба Кодекс имкон медиҳанд, ки андозбандии хизматрасониҳои электрониро ба тартиб дароварда шавад. Ҳангоми қабули ин намуди андозҳо таҷрибаи кишварҳои дигар истифода мешуд. «Андози Google» дар Федератсияи Русия, Узбекистон, Беларус, Қазоқистон, Молдова ва ғайра ҷорӣ карда шуд. Ин ба рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва тиҷорати интернетӣ вобаста аст.”
Ба иттилои манбаъ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҷиҳати риояи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ба шахсони хориҷӣ дар ҳолати зарурӣ ба соҳибкорон маълумоти заруриро пешниҳод намояд.