ТОҶИКИСТОН АФЗАЛИЯТҲОИ ХУДРО ДАР САМТИ МУБОРИЗА БО ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ МУАЙЯН МЕКУНАД

Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Афзалиятҳои Тоҷикистон дар доираи Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) ва муаррифии сеюми Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон» мизи мудаввар оғоз гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, мутахассисони соҳаи муҳити зист ва шарикони байналмилалӣ масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои об ва пиряхҳо, инчунин роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии ин равандро баррасӣ хоҳанд кард.

Зимни муҳокимаҳо афзалиятҳои Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси COP31 ва ҳадафҳои марбут ба иҷрои уҳдадориҳои миллӣ дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, ҳуҷҷати сеюми Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид, ки дар он нақшаҳо ва тадбирҳои кишвар оид ба коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ ва мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим пешбинӣ шудаанд.