Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари кишвари кӯҳсор будан, инчунин аз ҳудудаш беш аз 947 дарё ва 276 адад сой бо дарозии қариб 30 ҳазор километр ҷорӣ мешавад, ки аксараш ҳангоми обхезиҳои фасли баҳор хатарзо ба ҳисоб меравад. Ҳар сол дар натиҷаи боронҳои пай дар пай сатҳи об баланд шуда, ба хоҷагии халқи кишвар хисороти бесобиқа мерасонад. Сардори сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҷамшед Камолов мегӯяд, ки танҳо дар соли 2020-ум дар пайи оқибатҳои табиӣ аз ҷумла селу обхезӣ ва сангрезҳо ба иқтисодиёти кишвар 59 миллион сомонӣ хисорот расид.
Бино ба ҳушдори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи март сербориш хоҳад омад ва табиист, ки ин ҳолат ба вазъи кишоварзии мамлакат таъсиргузор хоҳад буд. Абулқосим Муъминов коршинос аз агентии мазкур мегӯяд, ки даҳаи авали моҳ нисбат ба даҳаи дуюм сербориштар аст. Ин ҳамкаломи мо гузаронидани корҳои саҳроиро барои кишоварзон дар нимаи дуюми моҳ тавсия медиҳад.
Аз мушоҳидаи солҳои ахир бармеояд, ки биноба сабаби тағйир ёфтани иқлим бо омад-омади фасли баҳор вазъи ҳаво номусоид гардида, боришот низ дар кишвар дучанд мегардад, ки ин ҳолат баъзан боиси эҷоди оқибатҳои нохуши офатҳои табиӣ мегардад. Сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Юсуфӣ Умеда мегӯяд, ки боришоти аз ҳад зиёд табиист, ки барои шаҳрвандон манфиатовар нест. Аз ин рӯ моро месазад, ки ҷую заҳкашҳоро аз партовҳо тамиз кунем, то боиси обхезӣ дар минтақаҳои наздикӯҳӣ нагардад ва агар ронандагон майли сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ доранд, омодагии ҷиддӣ бигиранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа яке аз мамолики баландкӯҳ ба ҳисоб рафта, дар марзи он дараю водиҳои сершумор ҷойгир шудаанд. Аз ин хотир, дар маҳалҳои гуногун ҳодисаҳои номатлуби табиат, аз қабили лағжишу фурӯғалтии кӯҳпора, селу обхезӣ, жолаю боронҳои селофар, кӯчидани тарма ва ғайраҳо тез-тез рух дода меистанд. Ҳар сол такрор ёфтани ин ҳодисаҳо боиси хисороти калони иқтисодӣ ва талафоти ҷонӣ мегарданд. Агар масъулин дар ин самт саҳлангорӣ кунанд, хисорот бозҳам дучанд мегардад. Пас мебояд ҳикмати халқӣ -«пешгирии дард аз табобат осонтар»-ро сармашқи кори худ намуд.
Муродулло Раҳимов,
Радиои «Тоҷикистон»