Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе муҳимтарин таҳавулоти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро бо нашри матолиби хабарӣ ва таҳлилӣ , инъикос кардаанд.
“Ҷумҳурият”
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 10 феврал мақолае бо номи “Сада ҷашни мулуки номдор аст….” нашр карда, навиштааст, ки ҷашни Сада чун Наврӯзу Меҳргон рамзу ҳикмати хосеро доро буда, он ба маънои гармию рӯшноӣ истиқбол шуда, сарҷамъии мардум дар ин рӯзи муборак, боиси хурсандӣ, ибрози андешаю ниятҳои нек ва ҳам омодагии ҳамаҷониба ба киштукори баҳорӣ мегардад.
Ба таъкиди муаллиф ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада аз нав эҳё шуда, он ба ҷашни ҳамагонӣ ва сарҷамъии кишоварзону барзгарони ҷумҳурӣ мубаддал шуда, сабаби омодагии дастаҷамъонаву ҳамаҷониба ба киштукори баҳорӣ мегардад.
“Садои мардум”
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 11 феврал аксар ҳамватанон дар шаҳрҳои Москва, Нурсултон ва Тошканд аз хизматрасонии метро баҳраманд шуда, орзу мекунанд, ки ин намуди нақлиёт дар пойтахти Тоҷикистон низ мавриди истифода қарор гирад.
Ба навиштаи муаллиф моҳи октябри соли 2020 дар Лоҳури Покистон нахустин хати метрополитен бо тули 27 км ба истифода дода шуд, ки аз ин 25,4 километр рӯизаминӣ буда, ҳамагӣ 1,7 километр аз зери замин мегузарад.
Ба хулосаи муаллиф хуб мешуд, ки масъулони соҳаи нақлиёти кишвар таҷрибаи шаҳрҳои Истанбул, Лоҳур, Нурсултон ва ғайраро омӯхта, лоиҳаи бунёди метрои рӯизаминӣ дар шаҳри Душанберо таҳия мекарданд.
“Asia-Plus”
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 11 феврал бо нашри як мақолаи таҳлилӣ, даромади ширкатҳои воридкунандаи маводи сухти нафтӣ ба Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Муаллиф баъди қиёс ва таҳлили омори ҳаҷм ва нархи маводи сухти воридшуда ба натиҷаҳои қобили таваҷҷуҳ расидааст.
Ба хулосаи муаллиф воридкунандагони гази моеъ болои нархи аввалия харид 60%, таъминкунандагони бензин 88% ва сухти дизелӣ бошад 70% зам карда, онро дар бозори Тоҷикистон мефурӯшанд.
Дар мавриди воридоти маводи сухти ҳавопаймо ба Тоҷикистон бошад, муаллиф менависад, ки ин бозор дар инҳисори танҳо як ширкат қарор дорад. Ширкате бо номи “Топливозаправончная компания” ҳар як тоннаи онро дар хориҷи кишвар ба маблағи 723 доллар харидорӣ карда, дар дохили кишвар ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ қариб як баробар қиматтар, яъне бо нархи 1440 доллар фурӯшад.
“Asia-Plus”
Нашрияи “Asia-Plus” дар хабари дигаре навиштааст, ки танҳо дар соли 2020 63,4 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Федератсияи Русияро дарёфт карда, ин рақам дар панҷ соли охир наздики 196 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
“Боҷу хироҷ”
Ҳафтанмоаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 11 феврал матни фармоиши якҷояи Вазорати молия ва Кумитаи андоз “Оид ба индексатсияи андозаҳои пардохт барои патент”-ро чоп кардааст. Тибқи ин фармоиш маблағи патент барои фаъолияти соҳибкорӣ дар соли 2021, бо назардошти сатҳи таварум дар соли 2020 ба андозаи 9.4 дарсад афзоиш дода мешавад. Дар идомаи нашрия 50 намуди фаъолияти соҳибкорӣ дар кишварро, ки тибқи патент сурат мегирад бо нишон додани маблағи пардохти ҳармоҳа, чоп кардааст.
“СССР”
Ҳафтаномаи “СССР” дар шумораи рӯзи 11 феврал бо нашри матлабе аз посухҳои раҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар нишасти матбуотии ин ниҳод, интиқод кардааст.
Муаллиф ба хулосае расидааст, ки кумитаи мазкур аксари вазифаҳои Агентии “Тоҷикстандарт” ва Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологиро такрор мекунад. Ба навиштаи муаллифи матлаб ин кумитаро метавон дар қолаби як шуъба дар вазорати кишоварзӣ ё агентии “Тоҷикстандарт” ва ё Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ ҷо кард.
“Фараж”
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 10 феврал мақолае бо номи “Кӯдакони Ҷайҳун ҳам ба кӯдакистон рафтан мехоҳанд” чоп карда, аз норасоии муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ кардааст.
Ба навиштаи муаллиф дар ноҳияи мазкур аз 15 ҳазору 90 нафар кутакӣ аз 2 то 6 сола танҳо 4 дарсад бо таълим фаро гирифта шудаанд.
Дар баробари ин Санавбар Бурҳонзода мушовири муассисаи тобактабии рақами 1 ноҳия Ҷайҳун ба нашрияи “Фараж” гуфтааст, ки барои ҳар кӯдак рӯзона 1.5 то 2 сомонӣ масраф мешавад, бинобар ин дар боғча барои кӯдакон нон дода намешавад ва аз ин рӯ кӯдакон нонашонро аз хона меоранд.
“Тоҷикистон”
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 10 феврал мусоҳибаи адиби шинохта, Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки ба сини 75 расидаанд, чоп кардааст.
Саттор Турсун дар ин суҳбат гуфтааст, нависанда касест, ки дар натиҷаи тасвири ҳодисаву воқеа ва сарнавиштҳо, кӣ будани инсонро бозгӯ мекунад. Ба гуфтаи вай вазифаи нависанда ин аст, ки миллаташ аз ҷиҳати ахлоқ, маънавиёт ва ҷаҳонбинӣ пеш рафта, адиб барои рушди ҷомеа хизмат кунад. Ҳамзамон Саттор Турсун дар ин мусоҳиба таъкид кардааст, “ман консерватор ҳастам ва бештартарафдори давлатдории мулоими авторитарӣ мебошам.”
Дар посух ба ин савол кӣ оё авторитаризм монеи рушди адабиёт намешавад?, Саттор Турсун гуфтааст, ки баҳтарин асарҳои адабиёти ҷаҳон дар давлатҳои авторитарӣ пайдо шудаанд, ки намунаи он адабиёти мондагори замони Иттиҳоди Шуравӣ аст.
Ҳамзамон нашрияи “Тоҷикистон” дар ин шумораи хеш бо профессор Ҷовид Муқим устоди факултаи журналистикаи ДМТ мусоҳиба анҷом додааст. Ҷовид Муқим дар суҳбат таъкид кардааст, ки бо назардошти таҳавулоти даҳ соли охир метавон гуфт, ки пас аз даҳ соли дигар расонаҳои чопӣ хонандагони худро аз даст дода, ба шакли имрӯза аз байн мераванд.
Ба гуфтаи Ҷовид Муқим омили аслии ин раванд ин аст, – “вақте кӣ худсонсури ба вуҷуд омад муҳтавои матбуот ба талаботи хонанда ҷавоб наметавонад ва муҳтаво кӣ паст шуд хонанда низ кам мешавад.”
Давлатов. О