Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2021 таҳлилӣ хавфҳои коррупсиониро дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа Нуъмон ибни Собит ва Донишгоҳи Славянии Руссияву Тоҷикистон гузаронидани таҳлили фаъолиятро ба нақша гирифтааст.
Дар хабари сомонаи Агнети гуфта мешавад, ки ин санҷишҳо тибқи муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» гузаронида мешаванд. Таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар доираи фаъолияти кумита, агентӣ ва донишгоҳҳои интихобшуда, аз ҷониби гурӯҳ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсия, ки ба ҳайати он намояндагони худи кумита, агентӣ ва донишгоҳҳои интихобгардида ва кормандони Дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудаанд, гузаронида мешавад.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки тибқи талаботи бандҳои 28 ва 31- и Методологияи мазкур барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ, зарур аст, ки таҳлили муносибати мутақобилаи кумита, агентӣ ва донишгоҳҳои интихобшуда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҷамъоварии маълумот гузаронида шавад. Аз ин рӯ, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал овардааст, то ҷиҳати ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ дар кумита, агентӣ ва донишгоҳҳои интихобгашта, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, сомонаи интернетӣ ва амсоли инҳо маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро тариқи почтаи электронии « info@anticorruption.tj» ирсол намоянд.