15 феврал Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба ҷамъбасти соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Академияи миллии илмҳо соати 08:30 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳо баргузор мешавад.
Агентии авиатсияи гражданӣ, КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» нишасти матбуотиро соати 10:00 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барпо менамоянд.
Нишасти матбуотии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соати 11:00 дар КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» баргузор мешавад.
Вазорати корҳои хориҷӣ нишасти матбуотиро соати 14:00 дар Вазорати мазкур доир менамояд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-54-23, 888-08-34-04 мувофиқа менамоянд.