Имрӯз 11 феврали соли 2021, панҷшанбе мебошад.
Обу ҳаво
11 феврали соли 2021 ҳарорати ҳаво дар шаҳри Бохтар камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, шабона 6+8° гарм, рӯзона 19+21° гарм мешавад. Дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон чангу ғубор боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 6+11° гарм, рӯзона 19+24° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7° гарм, рӯзона 10+15° гарм мешавад.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Хоруғ шабона 0-2° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад. Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона ҳарорати ҳаво 0-5° хунук, рӯзона 3+8° гарм, дар шарқи вилоят шабона ҳарорати ҳаво тағйир ёфта аз 12-17° хунук то 20-25° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.
Ба иттилои манбаъ дар шаҳри Хуҷанд ҳавои камабри бебориш дар назар буда, ҳаво шабона 6+8° гарм, рӯзона 15+17° гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво дар водиҳо шабона 4+9° гарм, рӯзона 12+17° гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона 4+9° гарм мешавад.
Агентӣ пешгӯӣ мекунад, ки дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво шабона 6+8° гарм, рӯзона 17+19° гарм мешавад. Дар НТҶ ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти суст (борон, барф) ба амал омада, ҳаво дар водиҳо шабона 4+9° гарм, рӯзона 16+21° гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3°, рӯзона 6+11° гарм мешавад.
Қурби асъор
1 доллари ИМА — 11.3025 сомонӣ;
1 евро – 13.6964 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1522 сомониро ташкил медиҳад.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».
Тақвими рӯз
11 феврал оид ба ҷамъбасти соли 2020 Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Агентии хоҷагии ҷангал соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Агентии мазкур ва нишасти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ соати 11:00 дар бинои Кумита баргузор мешаванд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ соати 14:00 дар бинои Хадамоти муҳоҷират (кӯчаи Айнӣ, 121 ) ва МД «Тоҷикфилм» соати 15:00 дар муассисаи мазкур (кӯчаи Беҳзод, 25) нишасти матбуотӣ доир менамоянд.
11 январи соли 1978 дар Чин манъи мутолиаи китобҳои Арасту, Шекспир ва Диккенс бекор карда шуд;
Дар ин рӯзи соли 1989 дар Венгрия бисёрҳизбӣ иҷозат дода шуд;
11 феврали соли 2013 дар шаҳри Париж маросими ифтитоҳи расмии «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» баргузор гардид;
Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла, дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, иҷтимоиёт ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуд;
Соли 2015 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар Алмато маросими ботантанаи ифтитоҳи дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба оғози кумаки тиббӣ-санитарӣ доир гардид;
Дар ин рӯзи соли 2015 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Huaxin Cement Co., LTD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чинро тасдиқ намуд;
11 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе масоили гуногунҷанбаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон муҳокима карда шуд;
Ҳамин рӯзи соли гузашта хабар дода шуд, ки Донишгоҳи Пенсилвания (ИМА) рейтинги марказҳои пешрафтаи таҳлилӣ «Global Go To Think Tank Index Report 2019»-ро муаррифӣ намуд, ки дар он Маркази тадқиқоти стратегии (МТС) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати 50 маркази беҳтарини таҳлилии Осиёи Марказӣ шомил гардидааст;
Имрӯз Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм, Рӯзи ҷаҳонии беморон буда, дар Камерун Рӯзи ҷавонон, дар Либерия Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ, Рӯзи кормандони Хадамоти андоз дар Озарбойҷон таҷлил карда мешавад. Ҳамчунин, 11 феврал Рӯзи ғалабаи инқилоби Эрон ва Рӯзи ташкилёбии ҷумҳурӣ дар Ҷопон мебошад.
Зодрӯзиҳо
Абдувалии Бекмуҳаммад (1948)- шоири узбекзабони Тоҷкистон.
Абдурашид Абдулҳаев (1936)- журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Бобоназари Бобохон (1950) – забоншинос, мутарҷим.
Саид Қурбонов (1950) – доктори илми тиб, профессор.
Маҳмадёқуб Маҳмадюсуфов (1915 – 1991) – Ҳофизи халқии Тоҷикистон.
Маликшо Неъматов (1969)- арбоби давлатӣ.
Раҳмони Гулзор (1960)- шоир.
Софияи Носир (1942) – нависанда.
Абдулло Табаров (1963) – доктори илмҳои физикаю математика.
Теша Раҷаб (1938-2012) – нависанда.
Галина Федюк (1951) – сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Валерий Чалкин (1938) – рассом, Ходими шоистаи Ҳунари Тоҷикистон.
Бегиҷон Шарифов (1924-2009)- муаррих, нависанда.
Воҳид Эшонхоҷаев (1954) – артисти балет, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.