Аз хориҷ ба ДДЗТ 379 довталаб дохил гардиданд

Дар нишасти матбуотии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода иттилоъ дода шуд, ки бо сабаби ба анҷом расидани муҳлати қарордодҳои дуҷониба ва авҷи бемории коронавирус 10 нафар омӯзгорони соҳибзабон аз хориҷ  ба ватан  баргашта, айни замон 3 нафари онҳо дар донишкада  фаъолият намуда истодаанд. Ба иттилои ректори он аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба зинаи бакалавриат 379 нафар довталаб дохил гардиданд.

Яке аз дастовардҳои муҳимми донишкада, ин сафарбар намудани донишҷӯён ба хориҷи кишвар мебошад, ки айни замон 7 нафар, аз ҷумла, 2 нафар дар Донишгоҳи забонҳои Токиои Ҷопонва 5 нафар дар Донишгоҳи Кемёнги Куриёи Ҷанубӣ таҳсил намуда истодаанд гуфт- Муовини ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон  оид ба робитаҳои байналмиллалӣ Саиднеъмон Раҷабов.

Ба иттилоъи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон баноми Сотим Улуғзода давоми соли сипаригардида сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон ва корпуси дипломатии Ҷопон дар шаҳри Душанберо ҷиҳати иштирок дар озмуни «Наттоқони забони ҷопонӣ»қабул намуд. Инчунин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар дар рафти  ташрифаш ба донишкада ба шуъбаи забони фаронсавӣ як миқдор китобҳои дарсӣ ва бадеӣ тақдим намуд.

Гулру Ниёзова

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *