Паёми “Тоҷикистон”: ММТ аз тобеияти Вазорати маориф бароварда шуд

Имрӯз 10 феврали соли 2021, чоршанбе мебошад.

Обу ҳаво

10 феврали соли 2021 ҳарорати ҳаво дар шаҳри Бохтар тағйирёбандаи бебориш шуда, шабона 6+8° гарм, рӯзона 18+20° гарм мешавад. Дар водиҳои вилояти Хатлон шабона 4+9° гарм, рӯзона 16+21° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона 10+15° гарм мешавад.

Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Хоруғ ҳавои қисман абрнок, асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 6-8° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешавад. Дар ВМКБ шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар шарқи вилоят шабона ҳарорати ҳаво аз 10-15° хунук то 18-23° хунук, рӯзона 2-7° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-13° хунук мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои қисман абрнок, асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар буда, шабона 4+6° гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад. Дар вилояти Суғд  ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 11+16° гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то -1+4, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Ба иттилои манбаъ ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 6+8° гарм, рӯзона 15+17° гарм мешавад. Дар НТҶ ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9° гарм, рӯзона 13+18° гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона 5+10° гарм мешавад.

Бояд дар хотир дошт, ки бино ба огоҳии Агентии обуҳавошиносӣ шабонарӯзи наздик дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дар дарёи оби Хингов баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад. Рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Қурби асъор

1 доллари ИМА — 11,3015 сомонӣ;

1 евро – 13,6816 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0,1520 сомониро ташкил медиҳад.

Қурб бидуни ӯҳдадории Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси харидорӣ ё фурӯши асъорҳои нишондодашуда бо ин нарх муқаррар шудааст. Қурби мазкур барои бонкҳои ваколатдор дар муайянкунии қурби хариди асъори хориҷӣ аз мизоҷонаш асос шуда наметавонад.

Тақвими рӯз

10 феврал оид ба ҷамъбасти соли 2020 Бонки миллии Тоҷикистон,  Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии  «Телевизиони Сафина»  нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим соати 09:00 дар маҷлисгоҳи  Кумитаи  мазкур доир мегардад.

Кумитаи телевизион ва радио соати 10:00 дар бинои Кумита ва Суди Олии иқтисодӣ соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

МД «Телевизиони Сафина» соати 13:00  дар бинои худ  ва Бонки миллӣ соати 14:00 дар бинои Бонки миллӣ (хиёбони Рӯдакӣ,23/2, рӯ ба рӯи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ) нишасти матбуотӣ доир менамоянд;

10 феврали соли 2009 дар Белгия Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи иқтисодии Белгия — Люксембург оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид;

 Ҳҳамин рӯзи соли 2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд» таъсис дода шуд;

Дар ин рӯзи соли 2014 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази миллии тестӣ аз тобеияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бароварда шуда, ба Муассисаи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд;

10 феврали соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба 25-умин солгарди  барпо намудани  робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Америка ба  Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Мо аз раванди рушду таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории васеи кишварҳоямон, ки имрӯз фарогири соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла, арсаҳои сиёсию иқтисодӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва амниятию низомӣ мебошанд, изҳори қаноатмандӣ карда, ояндаи онҳоро нек арзёбӣ менамоем».

Дар навбати худ аз атарафи Президенти ИМА бо ирсоли барқияи табрикӣ гуфта шуд, ки  Штатҳои Муттаҳида соҳибистиклолӣ ва якпорчагии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсояи он, инчунин кӯшишҳои Тоҷикистонро дар пешбурди корҳо баҳри гулгулшукуфӣ ва боз ҳам муттаҳидтар гардонидани Осиёи Марказӣ, пурра дастгирӣ менамояд;

Имрӯз дар Россия Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ ва дар ҷаҳон Рӯзи ихтироъи дарзмол қайд карда мешавад.

Зодрӯзӣ

Соли 1914 — ҳунарманди кино Зоҳир Дустматов, нақшофаринандаи Қорӣ – Исмат дар филми “Марги судхур”.

Соли 1936 — шоир ва ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Алӣ Бобоҷон.

Соли 1940 — рассом, ҳунарманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Сайфиддин Шералиев.

Соли 1941 — сароянда, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҷурабек Набиев.

Соли 1965 — журналист Акбаралӣ Сатторов, асосгузори медиа-холдинги “Чархи гардун”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *