Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин чӣ гуфт?

Дар як суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.В.Лавров ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби СААД баррасӣ гардид.

Бино ба иттилои сомонаи ВКХ вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум атрофи масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои дуҷониба ва мавзӯъҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Таъкид гардид, ки 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд, ба густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ саҳмгузор хоҳад буд.

“Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва Созмони ҳамкории Шанхайро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар партави раёсати Тоҷикистон дар СААД ва ҷаласаҳои мақомоти оинномавии ин Созмон, ки имсол дар Душанбе баргузор мешаванд, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби СААД баррасӣ гардиданд”, — гуфта мешавад дар хабар.

Бояд гуфт, ки 8-9 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Москва ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор шуд ва дар он масоили ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират ба таври фарогир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин,  ҷонибҳо дигар маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории кишварҳоро дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гумнитарӣ ва дигар бахшҳо бо равиши созандагӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳарду тараф ба мувофиқа расиданд, ки бо тамаркуз ба коркарди рӯйкардҳои нав, барои густариши робитаҳои иқтисодӣ ва мушорикати саноатии Тоҷикистону Россия чораҳои зарурӣ андешанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *