
Барои ғайриқонунӣ додан, хариду фурӯши замин ва сохтакории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин нисбати 296 нафар шахсони мансабдор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Ин нукта зимни нишасти матбуотии Пракратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд ва илова гардид, ки ба ҳамин монанд, оид ба ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар бораи бонк ва фаъолияти бонкӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, азхудкунӣ ва тасарруфи маблағҳои буҷетии ба соҳаи тандурустӣ ҷудогардида, қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавонон, иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар самтҳо санҷишҳо гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо санадҳои этиноии прокрурорӣ қабул карда шуд.