Ахбори ВКД: 15 ҳолати дуздӣ ва сеҳру ҷодуи мардум

Се нафар сокини ноҳияи Кӯшониёнро кормандони милитсия бо гумони дуздии моликияти шаҳрвандон дастгир карданд.

Саидов Фаррух, ки пештар 4 маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, Шарипов Ҷумабек, ки пеш 1 маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва Акобиров Баҳриддинро зимни як амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баъд аз се рӯзи муроҷиати шаҳрвандон дастгир карданд.

Номбурдаҳо бо мақсади тасарруфи  молу мулки сокинони ноҳия шабона, вориди маназилҳои истиқоматӣ ва оғилхонаҳо шуда, аз он ҷо чорвоҳои калони майдаи шохдор, дучархаҳо, асбобҳои дуредгарӣ, яхдонҳо ва мошинаҳои ҷомашӯии сокинони ноҳияро дуздидаанд.

Дар 15 ҳолати дуздӣ ба шаҳрвандон 30 000 сомонӣ зарари иқтисодӣ расонидаанд.

«Нисбати дастгиршудагон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад», омадааст дар хабари ВКД.

Мардумфиребӣ

Кормандони милитсияи пойтахт зимни як амалиёт муайян намуданд, ки шаҳрванд Абдуллоева Зуҳро истиқоматкунандаи ш. Душанбе ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул аст.

Номбурда худро ҳамчун табиби халқи муаррифӣ намуда, вале дар асл бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт, гӯё ба дарди шаҳрвандон даво мебахшидааст, шаҳрвандонро дар манзили истиқоматии худ сеҳру ҷоду мекардааст.

«Зимни азназаргузаронии манзили истиқоматии номбурда як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду истифодашаванда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.

Таассуфовар аст, ки баъзе аз шаҳрвандон ба чунин афрод бавар карда, ба ҷойи муроҷат ба тибби муосир аз чунин мардумфиребон дармони дард меҷӯянд», гуфта мешавад дар хабари маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Абдуллоева Зуҳро барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд. Ҳамзамон барои минбаъда ба ин амал марбумфиребона машғул нашудан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *