Воридоти гўшт ба кишвар аз 2700 тоннаи соли 2014 то 180 тонна дар соли 2020 коҳиш ёфтааст, ки ин ба 60%-и камшавии воридоти гўшт баробар аст.
Дар соли 2020 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 адад расид, ки нисбат ба соли 2017 2,7% зиёд гардидаст. Дар ин муддат истеҳсоли гӯшти парранда 5-маротиба афзоиш ёфтааст ва истеҳсоли тухм 1 млн долларро ташкил дода, 5,5 баробар зиёд гардидааст. Дар баробари ин шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар соли 2020 нисбат ба соли 2017 35% зиёд шуда, истеҳсоли моҳӣ дар давраи муқоисашаванда 2,3 баробар афзудааст.
Тавре аз суханони Пешвои миллат бармеояд, дар Тоҷикистон дар соли 2017, 60 ҳазор тонна гӯшти мурғ ворид шуда ва бо маблағи 50 млн доллар ба дигар давлатҳо содирот гардидаст. Дар дар соли 2020 дар зарфи ду соли охир истеҳсоли гӯшти парранда ба 30 ҳазор тонна расонида шуд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки баъди 2 соли дигар воридоти гӯшти парранда ба кишвар пурра аз байн меравад.
манбаъ: www.vot.tj