
Шурӯъ аз соли таҳсили 2021- 2022 стипендияи донишҷӯёну магистрон ва аспирантону доктарантҳо ба андозаи 30% зиёд карда шавад. Ин пешниҳодро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирои Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз намуданд.
Инчунин, дар он Пешвои миллат ба масъалаи сафарбарнамоии омӯзгорону унвонҷӯён ҷиҳати табодули таҷриба дахолат намуда, иброз доштанд, ки тибқи маълумот ҳар сол аз институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар то 500 нафар омӯзгорон ва олимону муҳаққиқон барои табодули таҷриба, бозомӯзӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва доктарантура ба хориҷа сафарбар карда мешаванд, вале ин ҳанӯз кам аст.
Вобаста ба ин ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, АМИТ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳар чӣ бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои риёзӣ ва табиӣ Ббарномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030 – ро таҳия карда, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.