Таҳдид ба куштан
Сокини ноҳияи Деваштич зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Ба иттилои ВКД номбурда аввали моҳи январ ҳамдеҳааш марди 60-соларо ба хонаи истиқоматиаш даъват намуда, бо гумоне, ки гӯё номбурда бо ҳамсараш, зани 31-сола муносибати ошиқона дорад, ба гардани ӯ ва ҳамсараш корд гузошта, таҳдиди куштан намудааст.
Қаллобӣ зимни харидуфурӯши автомобил
Як сокини шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб ба боварии зани 66-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Ауди-4»-ро ба маблағи 52 ҳазор сомонӣ, гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. Инчунин, номбурда худи ҳамон рӯз бо роҳи фиреб ба боварии сокини ноҳияи Мастчоҳ даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «БМВ-Х5»-ро ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Ҳамин тариқ, номбурда бо роҳи фиреб ба боварии сокини дигари шаҳри Хуҷанд аз ӯ низ автомашинаи тамғаи «Тайота-Прадо»-ро ба маблағи 222 ҳазору 600 сомонӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин оид ба ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза сокини Б. Ғафуров муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2020, зани сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 248-халта орд ба маблағи 58 ҳазору 340 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ маблағашро бармегардонад, аммо 5 ҳазору 340 сомониашро баргардонида боқимонда маблағи 53 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Тавре манбаъ мегӯяд, ба ҳамин ШВКД сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 21 декабри соли 2020 сокини дигари пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Лексус ҶС»-ро бо арзиши 60 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи декабри соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии бародарон сокинони шаҳри мазкур даромада, аз онҳо бо мақсади харидорӣ намудани хонаи истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Ховарони пойтахт 140 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағи ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.