Дар ҷаласаи солонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти ин ниҳод натиҷагирӣ карда шуда, аз корҳои Академия ҷиҳати мубориза бо коронавирус ҳисобот дода шуд.
Тибқи ин малумот аз 1 июни соли 2020, дар назди АМИТ Шӯрои байниидоравӣ оид ба таҳияи системаи чорабиниҳои илмӣ барои аз байн бурдани бемории коронавирус СOVID-19 таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он олимони соҳаи тиб, табибони вирусолог, бемориҳои сироятӣ, ҳамчунин кимиёдонҳо, биологҳо, дорушиносон, дорусозон ва технологҳо шомиланд.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ аз 28 феврали соли ҷорӣ ба истеҳсоли маводи гипохлорити натрий, ки дар ҳама давлатҳои дунё ҳамчун маводи маъмули антисептикӣ барои безараргардонии вирусҳо васеъ истифода бурда мешавад, шуруъ намуд ва илова бар ин бо усули электролиз истеҳсоли оби нуқра ба роҳ монд.
Ба гуфтаи масъулини АМИТ нанозарраҳои нуқра хусусияти зиддимикробӣ дошта, маводи хеле самараноки безараркунандаи вирусҳо ба шумор мераванд. Таъсири безараргардонии онҳо ба зиёда аз 650 намуди бактерияҳо исбот гардидааст. Илова ба ин, ионҳои нуқра масъунияти организмро баланд ва хавфи сироят ёфтан аз бемориҳои сирояткунандаро маҳдуд мегардонанд ва айни замон аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон истеҳсоли оби нуқра ба сифати маводи зиддивирусӣ барои истифода бурдан дар ниқобҳои муҳофизатӣ пешниҳод карда мешавад.
Олимони Академияи миллии илмҳо дар натиҷаи омӯзиши хосиятҳои шифобахшии растании камоли тоҷикон собит намуданд, ки шира ва решаи ин растаниро ҳамчун маводи фаъоли биологӣ барои қавӣ гардонидани масъунияти бадан истифода бурдан мумкин аст.
Айни замон олимони Академияи миллии илмҳо дар ҳамкорӣ ба Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология» як қатор иловаҳои фаъоли биологӣ, аз қабили «Камолид», «Камолин», «Мукофер» «Седармон», малҳамҳои «Проктоферуол», «Херболит» ва «Ҳербитол»-ро таҳия намудаанд, ки ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо дар саноати дорусозии ватанӣ метавонад ҳамчун маводи воридотивазкунанда ҷои баъзе иловаҳои фаъоли биологиро, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, иваз намояд. Ҳамчунин, аз растании явшон (ҷорубак) маводи фаъоли биологие дар шакли маҳлул ва қиём тайёр карда шудааст, ки хусусияти зиддибактериявӣ ва зиддивирусӣ дорад.
Ихтирои дигари олимони Академияи миллии илмҳо дастгоҳи худсози нафасдиҳии сунъӣ мебошад. Ин дастгоҳ дар асоси тарҳи электронии таҳиянамудаи олимони соҳаи физика сохта шудааст ва дар беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилӣ аз озмоиш гузаштааст. Ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии ин дастгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи тиббии воридот-ивазкунанда имконпазир аст.
Бояд гуфт, ки чанде пеш низ АМИТ хабар дода буд, ки ният дорад дар кишвар озмоишгоҳи вирусология ва эпидемиология таъсис бидиҳад. Ба андешаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ имрӯз дар ҷумҳурӣ бе доштани чунин озмоишгоҳҳо ихтироъ ва истеҳсоли маводи доруворӣ бар зидди коронавируси COVID-19 ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, Академияи миллии илмҳо дар самти омода кардани мутахассисони соҳаи вирусология ва эпидемиология бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Чин ва Академияи миллии илмҳои Белорус созишнома бастааст, ки баробари кушода шудани роҳҳо курсҳои омӯзишӣ дар шаҳрҳои Минск ва Пекин оғоз гардида, мутахасисон ба онҷо равон карда мешаванд.
Роҳбари академия ҳамчунин гуфтааст, ки аввалан Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мекӯшад, ки мутахассисон дар пояи ин муассисаҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ коромӯзӣ намуда, тадқиқот баранд ва баъдан чунин озмоишгоҳҳо таъсис дода шаванд.