Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматшозода Зебуниссоро барои тоза кардани маълумот дар бораи доғи судӣ бар ивази ришва дастгир карданд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо тасдиқи ин хабар, илова мекунад, ки моҳи сентябри соли 2020 шаҳрванд Исматшозода З. – сардори шуъбаи таҳлил ва назорати Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маслиҳати пешакӣ бо таҳқиқотчии ҳамин раёсат Ҳалимзода Қумригул дар бинои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрванд “А” вохӯрда, барои аз маҳзани маълумотии Сармаркази иттилооти таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тоза кардани маълумот дар бораи доғи суди доштанаш, 1200 доллари ИМА талаб намуданд.
«Санаи 10 сентябри соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Исматшозода З. ва Ҳалимзода Қ. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 1200 доллари ИМА дастгир гардида, маблағи мазкур аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира шуд», – омадааст дар хабар.
Оид ба ҳолати мазкур нисбати Исматшозода З.И. ва Ҳалимзода Қ.Р. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “б,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.