Донишгоҳи миллӣ – ғолиби Озмун миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ

тну.тч

Дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 11 ҷойи намоёнро соҳиб шуданд.

Тавре медонем, 18 декабри соли ҷорӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи чор наминатсия иштирок намуда, сазовори 4 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм гардиданд.

Ба иттилои сардори раёсати илми ДМТ довталабони озмуни мазкур аз ДМТ дар сатҳи факултет, давраҳои умумидонишгоҳӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ иштироки фаъол дошта, дар даври ҷумҳуриявӣ ба омодагии ҷиддӣ ва таҷрибаи хуб маҳорату ҳунар, донишу истеъдоди худро манзури ҳакамон намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки Донишгоҳи миллӣ бо соҳиб гардидани 11 ҷойи ифтихорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва дигар муассисаву сохторҳои илмии кишвар сазовори ҷойи аввал гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *