Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои Маркази адлия бо тарҳи меъмории миллӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлия ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.

Баъди ба истифода супоридани бинои нав Маркази адлия дар ноҳияи Фархор бо равзанаи ягона пайваст гардид. Марказ дорои китобхона, толори ақди никоҳ, ҳуҷраҳои кории барҳаво ва дигар иншооти ёрирасон аст.

Барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолияти корӣ равзанаи ягона бо муҳимтарин дастгоҳ ва лавозимоти муосири соҳавӣ, аз ҷумла таҷҳизоти иттилоотии рақамӣ таъмин шудааст, ки мутахассисони касбӣ бо истифода аз низоми электронӣ ҳамаи дархосту муроҷиати шаҳрвандонро дар фурсати кӯтоҳ шаффофу босифат иҷро менамоянд.

Дар китобхонаи Маркази адлия асарҳои Пешвои миллат, теъдоди зиёди осори назмию насрии адибони маъруфи тоҷик, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои соҳавӣ мавҷуд аст, ки аз ин махзани илму маърифат кормандони мақомоти адлия васеъ истифода хоҳанд кард. Толори ақди никоҳ вобаста ба маросими домодию арусӣ оро дода шудааст.

Ҳуҷраҳои корӣ барои кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳуҷраҳои кории идораи нотариалии давлатӣ, муассисаи давлатии Маркази ёрии ҳуқуқӣ ва Нозироти корҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ низ дар бинои нав дорои шароити хуби корӣ ҳастанд.

Дар бинои нав меҳмонхонаи замонавӣ сохта шудааст, ки бо 4 ҳуҷраи барҳаво барои қабули 8 нафар дар як вақт пешбинӣ гардидааст. Ҳуҷраҳо стандартӣ ва люкс буда, дорои шароити ҷавобгӯ ба талаботи муосир мебошад.

Дар таҳхонаи иншоот бойгонии бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораи нотариалии давлатӣ ҷойгир аст. Дар умум дар бинои Маркази адлияи ноҳияи Фархор 10 ҳуҷраи корӣ бо тамоми шароити зарурӣ ва ҳуҷраҳои техникию ёрирасон мавҷуд аст.

Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Маркази адлия қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори мақомоти адлия буда, барои татбиқи ислоҳоти соҳа, гузариш ба низоми муосири идоракунӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳо мусоидат хоҳад намуд.

Аснои шиносоӣ бо имкониятҳои фароҳамгардида дар бинои мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати бино баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки бо истифода аз шароити арзандаи корӣ кормандону мутахассисони мақомоти адлия бояд дар самти амалисозии босамари стратегияву барномаҳои давлатӣ, хизматрасониҳои саривақтиву босифат ба аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳукукии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи одобу маърифати оиладорӣ бештар фаъолият намоянд.

Иншооти хуштарҳи навбунёд туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони мақомоти адлия дар ноҳияи Фархор арзёбӣ гардид.