Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 50-солагии фаъолияти омӯзгории Арбоби ҳунари Тоҷикистон Анваршо Сайфудинов намоиши асарҳои эҷодӣ таҳти унвони «Чил калид» баргузор гардид.
Дар Намоиш меҳмонон аз давлатҳои Ҷопон, Эрон, ва Русия олимону донишмандон, шоирону рассомони шинохтаи тоҷик, ва дӯстдорони ҳунари рассомӣ гирди ҳам омаданд.
Нахуст китоби тозанашри Анваршо Сайфудинов бо номи «Чил калид» рӯнамоӣ гардида, 172 асари нодир, ки маҳсули заҳмати бисёрсолаи устод ва шогирдони Анваршо Сайфудинов мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд. Ҳамзамон дар намоиш офаридаҳои шогирдони Арбоби ҳунари Тоҷикистон Анваршо Сайфудинов, Муноҷот Бойматова, Давлат Абдуазизов ва Муҳаммадҷон Ҳикматзода пешкаши тамошобинон гардид. Эҷодиёти онҳо дар жанрҳои гуногуни санъати тасвирӣ ва ороишӣ-амалӣ, аз қабили гобелен, кундал ва наққошӣ пешниҳод шудааст, ки аз идомаи бомуваффақияти анъанаҳои мактаби рассомии устод гувоҳӣ медиҳад.
Намоиши «Чил калид» на танҳо натиҷаи ним асри фаъолияти омӯзгории рассом, балки инъикосгари таҳаввули санъати муосири тоҷик дар даврони Истиқлол аст. Ҳадафи чорабинӣ муаррифии мактаби эҷодии Анваршо Сайфудинов ва нишон додани робитаи зичи анъанаҳои миллӣ бо ҷараёнҳои муосири ҳунарӣ мебошад. Намоиши «Чил калид» аз 4-уми апрел то 4-уми майи соли 2026 идома меёбад.
Гулрӯ Ниёззода,
радиои “Тоҷикистон”
