Таи 5 рӯз мешавад, дар чор ноҳияҳои шаҳри Душанбе аз ҷумла дар Корхонаи воҳиди давлатии бозори Саховат намоиш- фурӯши маҳсулот идома дорад. Дар ярмарка фурӯши маҳсулот бештар маҳсулоти гӯшт, сабзавот, тухм, ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал дастраси сокинону меҳмонон гардида истодааст.
Намоиш – фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва моҳи шарифи Рамазон баргузор гардида, то 20 март идома меёбад. Ярмарка дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатии бозори Саховат баргузор шуда, дар он маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан дастрас ба сокинон пешниҳод мегардад. Чунин иброз дошт аснои сӯҳбат ба мо Мастон Шарипов муовини Корхонаи воҳиди давлатии “Бозори Саховат”. Ба гуфтаи муовини якуми Раиси шаҳри Кӯлоб Мунаваршоҳ Ташрифзода ин намоиш – фурӯши маҳсулот дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин пешгирии болоравии нархи маводи озуқа гузаронида мешавад ва ҳадафи асосии баргузор намудани чунин ярмарка таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти босифат ва нисбатан арзон дар арафаи ҷашни Наврӯз ва моҳи шарифи Рамазон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки аз 14 то 20 март дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш – фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал идома дорад. Ин намоиш – фурӯш дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин пешгирии болоравии нархи маводи озуқа гузаронида мешаванд.
Олуфта Шарипова
радиои “Тоҷикистон”
