Мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Дилшод Раҳимӣ бо мудири кулли ЮНЕСКО ҷаноби Холид Ал-Анонӣ баргузор шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО-ро баррасӣ карда, дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла илму маориф, ҳифзу тарғиби мероси фарҳангӣ ва обу пиряхҳо мубодилаи назар намуданд.
Намояндаи доимӣ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои созанда бо ЮНЕСКО аҳамияти хосса дода, омода аст, ки барои пешбурди ташаббусҳои муштарак дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ саҳми беназир гузорад.
