Дирӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №152-и шаҳри Ваҳдат чорабинии идона бахшида ба «Рӯзи омӯзгор» ва «Рӯзи забони давлатӣ» бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, муовинони раис, роҳбарони сохторҳои қудартии шаҳр, намояндагони раёсату идораҳо, фаъолони касбу кори гуногун, собиқадорони соҳаи маориф, масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳр ва омӯзгорони фаъол ширкат варзиданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагии кишвари азизамон ҳусни оғоз бахшида, нахуст раиси шаҳр баромад намуда, аҳли толорро ба санаҳои муҳими таърихӣ яъне «Рӯзи омӯзгор» ва «Рӯзи забони давлатӣ» шодбош гуфта, ба ҳозирин ҷиҳати саҳмгузорӣ дар тарбияи дурусти насли наврас изҳори сипосу минатдорӣ баён намуда изҳор дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, барои кору фаъолияти судманду мондагори онҳо дар ҷомеа шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Боиси хурсандист, ки барои қадр кардани заҳмати омӯзгорон ва ёдоварӣ намудан аз фаъолияти содиқонаву самимонаи онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳи октябр ҳамчун Рӯзи омӯзгорон дар сатҳи баланд қайд мешавад. Таҷлили Рӯзи омӯзгорон дар кишвар шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии мамлакат ба омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранду нақши онҳоро дар ба камол расидани насли ояндаи кишвар муҳим медонанд.
Дар ин замина, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар доираи иқдомҳои шаҳрдорӣ пайваста қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонии молиявии ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм — фурӯғи маърифат”, озмунҳои соҳавии “Мураббии сол”, “Омӯзгори сол” ва “Хонандаи сол”, омӯзгорону мураббиёне, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ғолиб омаданд ва собиқадорони дигар кормандони соҳаи маориф, ба беҳтар гардидани шароиту имконияти онҳо мусоидат намуда, барои баланд гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия дар шаҳр заминаи мусоидеро фароҳам меорад.
Дар идома, ҷиҳати рӯҳбаланд намудани маорифчиёни шаҳр, собиқадорону омӯзгорон ва роҳбарони якқатор муассисаҳои таълимӣ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», Сипоснома ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ифтихорномаҳои ки Ҳизби халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, раёсати маориф ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.
Сурайёи Сироҷиддин,
радиои «Тоҷикистон»
