Дар Озарбойҷон сеюмин Бозиҳои ИДМ дар соли 2025 идома дорад.
Тавре Телевизиони «Варзиш» хабар медиҳад, Тоҷикистон аввалин медали тиллоро дар ин мусобиқа ба даст овард. Беҳрӯз Умаров аз риштаи бокс соҳиби аввалин медали тилло гардид.
Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи бокс дар финали вазни 50 кг муқобили намояндаи Ӯзбекистон Азизбек Шокирҷоновро пирӯзӣ ба даст овард. Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Умаров зидди намояндаи Беларус — Рамил Ҳурбанау ва дар марҳилаи нимниҳоӣ бар Айҳан Ҳасанови мизбон пирӯз гардида буд.
Пас аз пирӯзӣ ва соҳиб шудани медали тилло Беҳрӯз Умаров ашкҳои чашми худро нигоҳ дошта натавонист ва гирди ринг бо парчами кишвар чарх зад. Ӯ хело хурсанд буд, ки аввалин медали тиллоро барои Тоҷикистон дар мусобиқа соҳиб шуд.
Маврид ба зикр аст, ки то имрӯз Тоҷикистон дар сеюмин Бозиҳои ИДМ -2025 ба гирифтани 17 медал, 1 тилло , 3 нуқра ва 13 биринҷӣ гардидааст.
Беҳрӯз Умаров (50 кг) аз риштаи бокс медали тиллоро гирифт. Акбарҷон Абдуллоев (57 кг) Аъзамҷон Ҳасанов (48 кг) аз риштаи бокс ва Юсуф Замонов (-50 кг) аз намуди ҷудо соҳиби медалҳои нуқра шуданд. Абубакр Худоиев (-55 кг), Лоиқ Қудбуддинов (-60 кг) аз риштаи ҷудо, Идрис Баҳромов (71 кг), Алиризо Баҳромов (80 кг) аз риштаи гӯштини тарзи озод, Назаралӣ Холов (64 кг),Ёсин Ҳукуматов (71 кг) аз намуди самбо, Абдуҷаъфари Баҳодур (54 кг), Нурулло Муродов (74 кг) аз риштаи таеквондо , Амир Нозимов (75 кг), Умарҷон Асроров (66 кг), Дамир Назаров (46 кг), Фуруғ Сарҳадзода (60 кг) аз риштаи бокс ва Муҳаммадӣ Раҷабов аз намуди қаиқронӣ ба гирифтани медалҳои биринҷӣ ноил шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои III –юми кишварҳои ИДМ аз 28-уми сентябр то 8-уми октябри соли 2025 дар 7 шаҳри Озарбойҷон баргузор мешавад. Тоҷикистонро 142 нафар варзишгар аз 18 намуди варзиш дар ин мусобиқа муаррифӣ мекунанд.
