Шумораи қурбониёни заминларза дар вилоятҳои Кунар ва Нангарҳори Афғонистон афзоиш ёфта, ба 1400 нафар расидааст. Беш аз 3100 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Тавре расонаҳои хабарии маҳаллӣ иттилоъ медиҳад, дар натиҷаи таконхурии замин садҳо биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ хароб гардиданд. Эҳтимол аст, ки шумораи фавтидагон афзоиш ёбад, зеро вазъи саломатии маҷруҳон вазнин арзёбӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, дар Афғонистон заминзарзаи шадид рух дод, ки тибқи маълумоти Хадамоти геологии ИМА, қувваи он 6 дараҷаро ташкил намуд. Маркази заминларза дар 27-километрии шимолу шарқи Ҷалолобод ва марказаш дар умқи тақрибан 8 километр будааст.
