27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон — шаҳраки Ваҳдат Муассисаи таҳсилоти томактабии №3 бо номи Пайравони Пешворо мавриди истифода қарор доданд.
Ин аввалин муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар маркази ноҳия буда, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.
Бино аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, бо риояи талаботи соҳа ва мувофиқ ба завқи кӯдакон қомат афрохтааст, ки дар он барои ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 150 кӯдак дар панҷ гуруҳ, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар саҳни муассисаи томактабӣ майдончаи бозии кӯдакон бо насби арғунчакҳо таҳия гардида, атрофи он ободу сабзкорӣ шудааст.
Иншооти мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд, вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ бо харҷи 8 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Муассисаи таҳсилоти томактабии №3 аз 21 ҳуҷраи машғулиятҳои амалӣ, хобгоҳ, ошхона, сардхона, анборхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, бо дастгоҳу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ се муассисаи таҳсилоти томактабиро дар шаҳри Хоруғ ва панҷ муассисаи таҳсилоти томактабии дигарро дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Шуғнон мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки се муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Хоруғ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, дар онҳо барои фарогирии 150 нафар кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Панҷ муассисаи таҳсилоти томактабии тозабунёд дар деҳаҳои дурдасти Чарсем, Вабист, Турбат, Раҳмонобод ва Рожи ноҳияи Шуғнон низ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, шарикони рушд ва саҳми сокинони маҳал бунёд гардидааст.
Бинои муассисаҳои соҳаи маориф вобаста ба талаботи маҳал бунёд гардида, дар онҳо зиёда аз 230 кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар расми ифтитоҳи иншооти зикршуда ба ҳамаи кӯдакон бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид, ки шодиву нишоти онҳоро дучанд намуд.
Ифтитоҳи иншооти соҳаи маориф дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон туҳфаи арзандае гардид ва онҳо миннатдориву самимияти хоси хешро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.
Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфа ва сатҳу сифати шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, масъулонро барои таълиму тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят намуданд.