Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ ташриф оварданд

26 июн дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мавриди баҳрабардордорӣ қарор додани як зумра иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияҳои Ванҷу Даврвоз ва Рӯшону Роштқалъа ба маркази вилоят — шаҳри Хоруғ ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят, фаъолони ҷомеа, намояндагони касбу кори гуногун ва ҳазорон сокини ватанпарвар бо рӯҳу илҳоми баланди сиёсиву ватандорӣ ва муҳаббати беандоза нисбат ба Роҳбари давлат истиқбол гирифтанд.

Ин дидор ба сокинони шаҳри Хоруғ, рӯҳу илҳоми тоза бахшида, нишонаи равшани пайванди устувори мардум бо Пешвои миллат гардид.

Аҳли санъату ҳунари вилоят бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, ки тараннумгари сулҳу ваҳдат, соҳибистиқлолию озодӣ ва саҳми таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар мебошад, ҳунарнамоӣ намуданд.

Ҳар як сафари Пешвои миллат ба Бадахшон муҳтавои амиқи сиёсӣ ва рушди ҳаматарафаи иҷтимоиву иқтисодиро доро буда, ба раванди созандагиву бунёдкорӣ дар ин гушаи диёр такони ҷиддӣ мебахшад.

Ҳазорон сокини шаҳри Хоруғ, ки муҳаббати фарзандона ба Саврари давлатро дар дил мепарваранд, дар кӯчаҳои марказӣ ва хиёбонҳои асосии шаҳр бо парафшон намудани парчами давлатӣ ва шодии беинтиҳо, фазои идона ва иттиҳоди миллиро таҷассум карданд.

Истиқболи Президенти кишвар дар шаҳри Хоруғ ифодаи равшани муҳаббат ва эътимоди мардум ба сиёсати ҳакимона ва дурбинонаи Сарвари давлат буда, аз иродаи устувори мардум барои пайравӣ ба ғояҳои давлатсозиву ватандорӣ шаҳодат медиҳад.