25.06.2025, ноҳияи Дарвоз
Ҳамватанони азиз!
Пеш аз ҳама, мехостам мардуми шарафманди ноҳияи Дарвозро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфта, барои пешвозгирии гарму самимӣ изҳори сипос намоям.
Мо зимни сафари кории навбатӣ ба ноҳия шоҳиди боз ҳам рушд ёфтани ин диёр гардидем.
Дар ҳудуди ноҳия имрӯз натиҷаҳои заҳмати софдилонаи мардуми ноҳия, аз ҷумла хоҷагии моҳипарварӣ ва озмоишгоҳи он, ки дар он бори аввал дар кишвар парвариш ва истеҳсоли моҳии нодир бо номи «озодмоҳӣ» («лосось»)-ро ба роҳ монда мешавад ва якчанд иншооти дигари таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ, инчунин, мавзеи истироҳатгоҳ ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон бо ин, шоҳроҳи байналмилалии Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон ба масофаи 92,5 километр бо 12 пули мошингузар ва яке аз нақбҳои он бо дарозии 3400 метр, ки се сол қабл ба бунёди онҳо оғози расмӣ бахшида будем, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Аз ду нақби дар ин масир бунёдгардида – яке «Тоҷикистон» (3400 метр) ва нақби дуюм, ки бо дарозии 1800 метр то охири сол ба истифода дода мешавад, «Бадахшон» номгузорӣ гардид.
Ин роҳи муосир ва нақбҳои он ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, дар оянда ба рушди босуръати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бамаротиб афзоиш ёфтани шумораи сайёҳони дохиливу хориҷӣ, яъне боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии сокинони вилоят ва ноҳияҳои он, аз ҷумла ноҳияи Дарвоз мусоидат менамояд.
Бо истифода аз фурсат, ман ба сохтмончиёну муҳандисон ва ҳамаи шахсоне, ки дар бунёди ин иншооти стратегӣ саҳм гузошта истодаанд, миннатдории самимӣ баён менамоям.
Ҳамзамон бо ин, ба Вазорати нақлиёт, Маркази татбиқи лоиҳа, роҳбарияти вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки сифати иҷрои корҳои сохтмонро зери назорати доимии худ қарор дода, барои дар муҳлати муайянгардида пурра ба истифода додани шоҳроҳ чораҳои зарурӣ андешанд.
Бунёди роҳҳо ва инфрасохтори муосир барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва ноҳия бисёр муҳим буда, ҷиҳати таъсиси корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ, ҷойҳои нави корӣ, зиёд гардидани даромади аҳолӣ ва буҷети ноҳия заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Масофаи шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон қаблан 109 километр буд.
Бо бунёди ду нақб ба дарозии 5,2 километр масофаи роҳ ба 92,5 километр баробар шуд ва 16,5 километр кӯтоҳ гардид.
Яъне роҳе, ки пеш дар чоруним – панҷ соат тай мешуд, минбаъд камтар аз ду соатро дар бар мегирад.
Аз ҳудуди ноҳияи Дарвоз беш аз 158 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ мегузаранд, ки барои таҷдиду барқарорсозии онҳо то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 920 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст.
Дар натиҷа соли 2024 ҳаҷми мусофирбарӣ ба 960 ҳазор нафар ва боркашонӣ ба 50 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба панҷ соли пеш, яъне соли 2020 қариб ду баробар зиёд мебошанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди ноҳияи Дарвоз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 6 лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 1,4 миллиард сомонӣ идома дорад.
Дар маҷмӯъ, барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар давоми 34 соли соҳибистиқлолии кишвар аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 1,9 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Илова бар ин, дар ин давра аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба аҳолӣ ва соҳибкорони ноҳия 154 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.
Ин нишондиҳанда дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 7 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамватанони азиз!
Ман ҳангоми сафар ба шаҳру ноҳияҳои кишвар доимо таъкид менамоям, ки ҳодисаҳои дар ҷаҳони имрӯза бамиёномада ба таъмини аҳолии дунё бо маводи ғизоӣ таъсири манфӣ расонида истодаанд.
Аз ин рӯ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дар ҳама фаслҳо бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин намудани бозори дохилӣ аҳаммияти стратегӣ дошта, истифодаи самаранок ва оқилонаи имкониятҳои ин соҳаро тақозо менамояд.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои рушди соҳа ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Дар натиҷаи тадбирҳои то имрӯз андешидашуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Дарвоз аз 10 миллион сомонии соли 2000-ум ба 85 миллион сомонӣ дар соли 2024 расидааст, яъне 8,5 баробар зиёд гардидааст.
Дар ин давра истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади вусъат бахшидани бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, таъмин намудани гуногунсамтии истеҳсолот, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ва кам кардани вобастагии иқтисодиёти миллӣ аз омилҳои берунӣ саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун яке аз ҳадафҳои миллӣ эълон гардидааст.
Дар ноҳияи Дарвоз имкониятҳо барои рушди соҳаи саноат васеъ буда, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ аз 5 ба 20 номгӯй расонида шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 5,4 миллион сомонии соли 1993 то 78 миллион сомонӣ дар соли 2024, яъне 14 баробар афзоиш ёфта, ҳиссаи он дар истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят аз 9 фоизи соли 1993 то 26 фоиз дар соли 2024 зиёд гардидааст.
Дар панҷ моҳи соли 2025 истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 баробар зиёд шудааст, ки таҷрибаи хуб мебошад.
Аммо дар ин давра истеҳсоли либоси мактабӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 фоиз коҳиш ёфтааст, ки андешидани чораҳои заруриро тақозо менамояд.
Ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода мешавад, ки ҷиҳати бартараф намудани ҳолати мазкур тадбирҳои мушаххас андешанд.
Бо дарназардошти фаровонии захираҳои маъдан дар қаламрави ноҳия истихроҷу коркард ва истифодаи самараноки онҳо барои рушди иқтисодиёт аҳаммияти калон дорад.
Бинобар ин, масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳо ва имкониятҳои ноҳия дар самти истеҳсоли саноатӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда васеъ ба роҳ монда шавад.
Дар ноҳия тайи 34 соли соҳибистиқлолӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 12 иншооти энергетикӣ ба маблағи беш аз 34 миллион сомонӣ бунёду таҷдид гардида, ба истифода дода шудааст.
Танҳо дар як соли охир дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ хатҳои интиқоли барқи 35-киловатта аз деҳаи Ширговад то деҳаи Нулванд ба масофаи 23 километр ва аз деҳаи Нулванд ба тарафи Зиғар – 10 километр ба маблағи умумии 15 миллион сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд.
Ҳамчунин, дар доираи сафари мо ба ноҳия неругоҳи барқи обии хурди «Ёгед» ба истифода дода шуд, ки барои сохтмони он қариб 7 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Ғайр аз ин, барои бо неруи барқ таъмин намудани деҳаҳои дурдасти ноҳия сохтмони неругоҳи барқи офтобии «Чорсун» ва неругоҳи барқи обии хурди «Гушун» ба маблағи умумии 3,5 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамватанони азиз!
Ҳукумати мамлакат барои зина ба зина беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум, бахусус, дастгирии давлатии қишри осебпазири ҷомеа дар шароити кунунӣ ба сиёсати иҷтимоӣ афзалият дода, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Дар ин самт, тайи замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Дарвоз 34 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 3500 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳоло бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сохтмони боз як мактаби замонавӣ дар деҳаи Даштак барои 560 хонанда бомаром идома дорад.
Бар замми ин, сохтмони ду бинои таълимӣ бо 340 ҷойи нишаст дар соли ҷорӣ ба анҷом мерасад.
Бояд гуфт, ки аз соли 1991 то соли 2024 дар ноҳияи Дарвоз 10 ҳазору 860 нафар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро хатм кардааст.
Аз ин шумора 9 ҳазору 720 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуда, беш аз 8 ҳазор нафар соҳиби маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ гардидааст.
Танҳо дар 14 соли охир аз ноҳияи Дарвоз 3 ҳазору 305 нафар ҷавонон соҳиби маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ гардидаанд, ки 88 фоизи хатмкардагони мактабҳоро ташкил медиҳанд.
Бо вуҷуди натиҷаҳои назаррас, дар соҳаи маорифи ноҳия ҳанӯз ҳам як қатор масъалаҳои ҳалталаб вуҷуд доранд, ки аз мақомоти дахлдор ҷиҳати бартараф намудани онҳо масъулияти ҷиддиву саривақтиро талаб мекунад.
Аз ҷумла дар ноҳия ҳамагӣ як муассисаи томактабӣ ва 19 маркази инкишофи кӯдак фаъолият дошта, фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ 29 фоиз мебошад, ки қонеъкунанда нест.
Инчунин, 7 муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 5 муассиса таъмирталаб мебошад.
Вобаста ба ин, ба Вазорати маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супориш дода мешавад, ки мушкилоти мавҷудаи соҳаи маорифи ноҳияро ҳарчи зудтар бартараф намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ман борҳо иброз дошта будам ва бори дигар такрор менамоям, ки саломатии миллат – боигарии давлат ба ҳисоб меравад, зеро кору фаъолияти самараноки мову шумо аз саломатӣ вобастагии калон дорад.
Бинобар ин, солимӣ ва дарозумрӣ, ки дар натиҷаи баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба даст меояд, аз ҷумлаи афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мебошад.
Ҳоло аз ноҳияи Дарвоз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯи ихтисосҳои тиббӣ 56 нафар, аз ҷумла 25 нафар тибқи квотаи президентӣ ва дар коллеҷҳои тиббӣ 122 нафар донишҷӯён таҳсил доранд, ки барои бо мутахассисон таъмин намудани муассисаҳои тиббии ин диёр муоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки дар даҳ соли охир барои таъмир, сохтмон ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар ноҳия беш аз 25 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Ҳозирини муҳтарам!
Таҳкими заминаҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа ва тарбияи насли солим яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад, ки амалӣ гардидани он тавассути риояи дақиқи қонунгузорӣ таъмин мегардад.
Аз ин рӯ, роҳбарону фаъолони ноҳияи Дарвоз, аҳли маориф, зиёиён, падару модарон ва фаъолонро зарур аст, ки масъалаи иҷрои ҳатмии талаботи қонуни миллӣ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор диҳанд.
Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки иштироки фаъолонаи падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон асоси ташаккули шахсияти ватандӯст ва дорои ҳисси баланди масъулиятшиносӣ мебошад.
Дар як солу панҷ моҳи охир ҳолатҳои таълими ғайриқонунии динӣ бо ҷалби 320 нафар таълимгирандагон ошкор карда шудаанд.
Аз ин лиҳоз, роҳбарони мақомоти маҳаллӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли зиё, ходимони дин ва омӯзгорон вазифадоранд, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва муқовимати онҳо ба ифротгароӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.
Ҳозирини муҳтарам!
Дар натиҷаи вусъат пайдо кардани корҳои созандагиву бунёдкорӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Дарвоз, махсусан дар маркази он – Қалъаихумб даҳҳо иншооти гуногун бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, ҳоло ин гӯшаи Ватанамон ба яке аз маконҳои зеботарини мамлакат табдил ёфтааст.
Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёду азнавсозии 121 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 85 иншоот сохта, ба истифода дода шудааст, ки 71 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани иншооти банақшагирифташуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Бори дигар таъкид менамоям, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва тақвияти корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот мебошад.
Илова бар ин, ҳар яки мо бо дарназардошти вазъи ноороми ҷаҳони имрӯза бояд ҳамеша барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлатамон омода бошем.
Мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки дар давлати соҳибистиқлол ва Ватани орому обод зиндагӣ дорем ва фарзандони худро дар шароити сулҳу осоиш ба камол расонида истодаем.
Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ – дастоварди басо арзишманди халқамон, пешрафти давлатамон ва шукуфоиву ободии сарзамини аҷдодиамон бештар талош намоем ва заҳмат кашем.
Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Дарвоз бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ барои пешрафти диёри худ ва кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзишманд мегузоранд ва ин гӯшаи биҳиштосои Ватанамонро боз ҳам ободу зебо мегардонанд.
Ҳамаи мардуми заҳматдӯсти ноҳияи Дарвоз ва шумо – ҳозирини арҷмандро бори дигар ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, дар ҷодаи муқаддаси ватансозиву ватандорӣ ба кулли сокинони ватандӯсту сарбаланди ноҳия барору муваффақият ва хонаи ободу рӯзгори пурфайз орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!