Барномаи  нави рушди саноати  дорусозӣ  қабул гардид. Оё воридоти доруворӣ кам мегардад?

Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  рӯзи  28- октябри  соли 2020  Барномаи  давлатии  рушди саноати  дорусозӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2021 то 2025-ро  қабул намуд. Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба радиои “Тоҷикистон” иттилоъ доданд, мақсади барномаи мазкур  таъмин  намудани  рушди устувори саноати дорусозӣ ва беҳтар намудани  дастрасии аҳолии  кишвар  ба маводи доруворӣ ва молҳои  тиббии хушсифат  мебошад.

Бояд гуфт,  айни замон  дар ҷумҳурӣ 38 ташкилот  ба истеҳсол ва  банду басти 403 номгӯи  доруворӣ  машғул буда, аз онҳо  16 ташкилот  дар ш.Душанбе, 7-то дар вилояти Суғд, 7-то дар вилояти Хатлон, 6-то ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва  2  ташкилот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон  пайи фаъолият  ҳастанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ҷумҳурӣ  аз ҷониби 16 ташкилот  коркарди зиёда  аз  45 номгӯи рустаниҳои  шифобахш ба роҳ монда шуда, ду номгӯи  онҳо  решаи ширинбия  ва шираи камол  ба хориҷи кишвар  содирот  карда мешавад, ки  ҳаҷми он дар соли 2019  729 350 кг  ташкил  дод.

Аммо ин талаботи дорусозиро қонеъ накарда, то  имрӯз,   бозори фармасевтии   кишварро  дорувории  воридотӣ ташкил медиҳад. Бино ба оморҳои расмӣ ҳиссаи воридоти доруворӣ 90% -ро  дар бар мегирад. Бо назардошти ин айни замон саноати дорусозӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар сатҳи зарурӣ қарор надошта,  қисми зиёди  доруворӣ  аслан  аз  кишварҳои  Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Литва, Украина  ва  Чин  ворид карда мешавад.

Олимон  ва коршиносони  байналмилалӣ  мегӯянд, ки  давлате, ки   60%  истеҳсоли  дорувориашро  дар  ҳудуди  мамлакат   надорад, ин  мамлакат  дар ҳифзи  сиҳатии  оммаи худ,   ба  кишвари  осебпазир   шомил  мегардад.

Бинобар ин, гуфта мешавад, ки Барномаи  давлатии  рушди саноати  дорусозӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2021 то 2025 асосан сари бештар кардани ҳиссаи дорувории истеҳсоли ватанӣ равона гардидааст.

                                                            Идигул Раҷабова

радиои “Тоҷикистон”

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *