Мусоҳиба бо корманди ФФТ вобаста ба аҳамияти таҷлили ин ҷашн
Моҳи майи соли 2024 Ассамблеяи генералии СММ қатъномаи махсусеро қабул намуд, ки дар асоси он ҳамасола 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мегардад. Ин рӯз, ки бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) муҳтарам Рустами Эмомалӣ қабул гардидааст, дар Тоҷикистон бо баргузории чорабинию, фестивал ва бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Тасмим гирифтем вобаста ба тадбирҳои андешидаи ФФТ ҷиҳати таҷлил ин ҷашн дар кишвар, аҳамияти баргузорӣ ва таҷлили он дар хориҷ, саҳми Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пешрафти Футболи тоҷик бо сармутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеаи Федератсия футболи кишвар Нуралӣ Хоркашев мусоҳиба ороем.
— Вобаста ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки санаи 25-уми май доир мегардад, аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида шудааст?
— Бо дастури бевоситаи роҳбари ФФТ, аз ҷониби федератсия вобаста ба бошукӯҳ баргузори намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ин ҳафта дар кишвар — «Ҳафтаи таҷлили футбол» эълон гардидааст. Дар доираи «Ҳафтаи таҷлили футбол», дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар фестивалҳои футболӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ доир гардида истодаанд. Дар ин баробар субҳи 25-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе фестивали калони футболӣ доир мегардад, ки дар он иштироки 20 ҳазор нафар, аз ҷумла кудакону наврасон дар назар аст. Худи ҳамин рӯз ФФТ барои дӯстдорони футбол як «тӯҳфа»-и хуби дигар тақдим мекунад. Ин бозии Суперҷоми Тоҷикистон — 2025 мебошад, ки миёни тимҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад.
— Инак соли дуюм аст, ки Рӯзи ҷаҳонии футбол дар сатҳи байналмилаӣ таҷлил мегардад ва мо шоҳиди он ҳастем, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ҷалби кудакону наврасон фестивалҳо доир мегарданд. Баргузор кардани чунин фестивалҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар чӣ аҳамият доранд?
— Ҳамаи он фестивал ва чорабинию мусобиқаҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд, мақсади асосиаш ҷалби аҳолӣ, махсусан кудакону наврасон ба футбол ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Албатта вақте кудакон дар ин гуна фестивалҳо иштирок мекунанд, меҳру муҳаббати онҳо ба футбол дучанд мешавад ва шумораи бештари онҳо ба омӯзиши ҷиддии футбол машғул мешаванд, ки дар натиҷа метавонад аз миёни онҳо футболбозони хуб пайдо кард.
— Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун мамлакати ташаббускор шинохта шудааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо дар дилхоҳ соҳаҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазироӣ ва амалӣ карда мешаванд. Метевон Рузи ҷаҳонии футболро, ки маҳз аз ҷониби Президенти ФФТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардидааст, аз ташаббусҳои муваффақи кишвар номид?
— Албатта, бешубҳа! Аз ҷониби бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ, яъне СММ қабул гардидани ин қарор ба афзудани нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон далолат мекунад ва ҳам ин иқдоми роҳбари футболи кишвар боиси фахри ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мегардад.
— Ба назари Шумо рӯзи ҷаҳонии футболро дар хориҷ, махсусан дар кишварҳои минтақаи Осиёи марказӣ, чун кишвари мо бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегиранд?
— Ба назари ман, бале! Чун ин қатънома аз ҷониби СММ қабул гардидааст ва он дар дигар давлатҳо ҳам муҳташам таҷлил мегардад. Ба ғайр аз ин футбол дар ҷаҳон варзиши рақами эътироф гардидааст. Одамон новобаста ба мансубияташон ба дину нажод ва дигар арзишҳо ин варзишро дӯст медоранду пайгирӣ мекунанд.
— Дар бораи таҷлил дар дигар кишварҳои Осиёи марказӣ! ФФТ бо дигар Федератсияҳои футболи Осиёи марказӣ ҳамкорӣ ё гуфтугӯе доранд, ки Рӯзи ҷаҳонии футболро муштарак ҷашн гиранд?
— Мо (манзураш ФФТ) на танҳо бо Федератсияҳои футболи Осиёи марказӣ, балки бо тамоми Федератсияҳои футболе, ки узви FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ҳастанд ҳамкорӣ дорем ва Рӯзи ҷаҳонии футбол ба таври муштарак ҷашн гирифта мешавад. Вале бояд гуфт ин рӯз, дар ҳар кишвар аз рӯи ҳамон барномаи мушаххасе, ки Федератсияи футболи ҳамон кишвар қабул кардааст ҷашн гирифта мешавад.
— Ба ақидаи Шумо пешниҳод гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Тоҷикистон ва бошукӯҳ таҷлил намудани он дар кишвар ба пешрафти футболи тоҷик мусоидат мекунад? Яъне ин метавонад сабаб гардад, ки футбол дар кишвари мо дар сатҳи нав муаррифӣ шавад?
— Таҷлил гардидани ин рӯз дар сатҳи баланд, на танҳо бар суди футболи тоҷик, дар умум ба нафъи футбол дар ҷаҳон аст! Ман ҳамчун корманди ФФТ умед бар он дорам, ки боҳашамат ҷашн гирифтани ин рӯз, ба пешрафти футбол дар Тоҷикистон роҳҳои дигарро боз мекунад ва вусъати тоза мебахшад. Таҷлили ин пеш аз ҳама ба бештар гардидани футболдӯстон дар кишвар мусоидат мекунад ва дар ин баробар барои пайдо ва ҷалби чеҳраҳои нав ба омӯхтани футбол хело ҳам мусоид аст.
— Маҳз аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол метавонад сабаб гардад, ки ба футболи тоҷик мароқ зоҳир кунанд? Дигар бошггоҳо ва мунтахабҳое, ки дар сатҳи байналмилалӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, барои бозиҳои рафиқона ва ҷалби футболбозони тоҷик ба дастаҳои худ таваҷҷӯҳ мекунанд?
— Албатта таваҷҷӯҳ мешавад! Ҳар кишваре ин рӯзро ҷашн гирад, ба он таваҷҷӯҳ хоҳад кард, ки ин ҷашн аз куҷо маншаъ мегирад? Пас дар маълумотномаҳо тақкид хоҳад гардид, ки футбол бо пешниҳоди роҳбари футболи Тоҷикистон ҷаҳонӣ гашт ва ҳамин нукта таваҷҷӯҳи дигар кишварҳоро ба футболи тоҷик ҷалб мекунад. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол ба пешрафти футболи мо, ба тағйир ёфтани сатҳи футболи тоҷик таъсири калон хоҳад дошт.
— Дар фестивали калони футболӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегардад, иштироки ягон ситораи футболи ҷаҳон дар назар ҳаст?
— Тавре дар боло қайд кардем ин ҳафтаро -«Ҳафтаи таҷлили футбол» эълон намудем ва дар доираи он чорабинию фестивалҳои зиёд баргузор намудем. Мо барои муштарак таҷлил кардани ин рӯз қариб аз ҳамаи муассисаю корхонаҳои кишвар мактубҳо дорем. Ҳамчунин байни ситораҳои фарҳанги Тоҷикистону Эрон бозии футзал таъин намудем, ки ин заҳмати зиёдро талаб кард. Аз ҳамин лиҳоз натавонистем ягон ситораи футболро ба Тоҷикистон даъват кунем.
«Дар охир бо истифода аз фурсати муносиб, аз тамоми аҳолии кишвар даъват ба амал меорам, ки дар чорабиниҳои ба муносибати Рузи ҷаҳонии футбол ташкил намуда, иштирок намоянд ва дараҷаи фарҳанги футболдӯстии худро боз ҳам болотар бибаранд» — таъкид дошт Нуралӣ Хоркашев.
Ташаккур!
(Агар хоҳед шакли аудиои мусоҳибаро гуш кунед, имрӯз 24-уми май саоти 12:10 барномаи «Майдони сабз»-ро пайгириӣ кунед. Дар он шакли аудиоии мусоҳиба садо хоҳад дод).
Муаллиф: Рустам Зоирзода
Мусоҳиб: Нуралӣ Хоркашев