Баргузории Форуми ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ

Имрӯз дар дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ (GCC) баргузор гардид.

Форми мазкур бо иштироки роҳбарон ва намояндагони бахши ҷавонон ва варзиши 10 давлати дунё ва зиёда аз 80 нафар ҷавонони кишварҳои хориҷ, маросими гулчанбаргузорӣ дар назди муљассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз гардид.

Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, форуми мазкурро ҳамчун платформаи фаромарзии ҷавонон ба тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ байни насли ҷавон, муаррифии иқтидор ва имконоти онҳо, инчунин ташвиқи ташаббусҳои муштарак дар самтҳои муҳимми рушди устувор, инноватсия, муҳити зист, варзиш, фарҳанг ва таҳкими муносибатҳои дӯстона байни давлатҳои ду минтақа арзёбӣ намуд.

Инчунин раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулмаҳмадзода иброз дошт, ки «Баргузории чунин ҳамоишҳо на танҳо ба рушди шабакаи ҳамкорӣ байни ҷавонон мусоидат мекунад, балки ба рушди дипломатияи мардумӣ ва таҳкими дӯстию ҳамдилӣ байни давлатҳо низ такони нав мебахшад».

Форуми ҷавонони давлатҳои Осиёи Марказӣ, қадами муҳимми стратегӣ дар таҳкими пайванд байни насли ҷавони Осиёи Марказӣ ва давлатҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ дониста шуд.

Гулрӯ Ниёззода,
радиои “Тоҷикистон”