15 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИҚЛИМ. Ҳушдори иқлимшиносон аз оқибати ногувори тағйирёбии иқлим

15 май дар тақвими санаҳои экологӣ ҳамчун Рӯзи байналмилалии  иқлим ворид шудааст.

Тағйирёбии иқлим ба яке аз мушкилоти асосоии глобалии замони муосир табдил ёфтааст. Ҳамасола, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон офатҳои табиӣ, аз қабили босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳои бесобиқа, тӯфону гирдбодҳои ҳалокатбор, фаромадани селу ярч, хушксолӣ, сухтори ҷангалзор ва дигар зуҳуроти фалокатбори гидрометеорологӣ ба амал меояд, ки ин раванд ба захираҳои обию гидроэнергетикӣ, солимии ҷомеа ва амнияти озуқавории давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Ба андешаи иқлимшиносон яке аз сабабҳои асосии тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон ба афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣ марбут буда, ин омил сабабгори гармшавии ҳарорати ҳаво дар кураи замин гардидааст. Бино ба гузориши Агентии байналмилалии энергетикӣ, ҳаҷми партовҳои гази карбон аз ҳисоби истеҳсоли энергия дар ҷаҳон 0,9 фоиз афзуда, беш аз 36,8 миллиард тоннаро ташкил дод, ки ин нишондиҳандаи рекордӣ ба ҳисоб меравад. Сабаби аслии босуръат афзоиш наёфтани ҳаҷми газҳои карбонро олимон пеш аз ҳама дар гузариши васеъ ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва нақлиётҳои барқӣ марбут медонанд. Партоби газҳои гулхонаи ба ҳавои атмосфера метавонад боиси ифлосшавии ҳаво ва хуруҷи ҳар гуна бемориҳо, гардад.

Тибқи маълумотҳои созмонҳои байналмилалӣ ҳамасола дар ҷаҳон, зиёда аз 7 миллиона нафар дар натиҷаи олудагии ҳаво мефавтанд. Аксари кишварҳори ҷаҳон бо мақсади коҳиши ҳар гуна газҳои зарарнок ба ҳаво аз манбаъҳои энергияи нав, ба монанди энергияи офтобӣ ва бодӣ истифода мебаранд. Аз ҷумла дар Аврупо ҳукуматдорон нақша доранд, ки то соли 2035 фурӯши нақлиёти сабукрав ва микроавтобусҳоро, ки бо маводи сӯзишворӣ ҳаракат мекунанд, дар ҳудуди иттиҳод тадриҷан қатъ кунанд. Гуфта мешавад, ки дар сурати ҷорӣ кардани истеҳсоли мошинҳои тавассути неруи барқ ҳаракаткунанд то соли 2030 партови газҳои зарарнок ба атмосфера аз ҳисоби воситаҳои нақлиёти гунонунтамға 50 дарсад ва бештар аз он кам карда мешавад.

Бар асоси таҳқиқоти нави коршиносони масоили обу иқлим гармшавии глобалии ҳаво аз ҷониби инсон ба вуҷуд омада, то солҳои 2030-2035 нисбат ба давраи пеш ба 1,5°С боло хоҳад рафт. Дар натҷаи гармии ҳаво ва хушксолӣ ҳамасола дар ҷаҳон тақрибан 10 миллион гектар ҷангалзор сухта нобуд мешавад. Нестшавии ҷангалзорҳо боиси нобудшавии экосистемаҳо, нобудшавии намудҳои наботот ва ҳайвонот, ва тағйироти иқлим мегардад.

Таҳлил ва пажӯҳиши иқлимшиосон собит намуд, ки сол ба сол бо сабаби таъсири идомаи дигаргуншавии иқлими сайёра пиряхҳо, ки манбаи асосии ташаккулёбии об дар ҷаҳон ба шумор мераванд аз байн рафта, боиси норасоии оби тозаи ошомиданӣ ва сар задании офатҳои табиӣ дар рӯи замин гаштаанд.

Гурӯҳи олимону коршиносони байналмилалӣ обшавӣ ва аз байн рафтани густурдаи пиряхҳоро бар асари гармшавии иқлим барои ҳаёти инсоният дорои паёмадҳои нохуш арзёбӣ мекунанд. Ба андешаи олимон дар сурати идома ёфтани ин раванд ва наандешидани чораҳои фаврии натиҷабахш то охири асри 21 пиряхҳо аз 26 то 41 дар сади вазни худро аз даст медиҳанд. Дар натиҷаи обшавии пиряхҳо сатҳи баҳр аз 90 то 154 миллиметр баланд мешавад. Обхезӣ, фаромадани ярч, туфонҳои шадид, коҳиш ёфтан сатҳи оби кулу дарёҳо аз омилҳои дигари тағйирёбии иқлим ба ҳисоб меравад.

Ҳамасола дар пайи обхезии шадид ва фаромадани ярч дар кишварҳои гуногуни олам садҳо ҳазор нафар ба ҳалокат мерасанд. Инчуин боришот ва обхезӣ ба соҳаи кишоварзӣ низ таъсири манфӣ мерасонад. Бояд гуфт, ки дар робита ба коҳиш додани хавфу хатарҳои табиӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна паёмадҳои тағйирёбии иқлим ҳамасола дар сатҳи ҷаҳонӣ чорабиниҳои байналмилалӣ доир мегарданд. Коршиносони бар он назаранд, ки дар сурати наандешидани чораҳои муассир эҳтимол аст, ки то охир аср тамоми кишварҳои саёра аз оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим зарари ҷидӣ бинанд.