Теъдоди оворагони дохилӣ дар ҷаҳон аз 83 миллион нафар гузашт

Дар тӯли шаш сол шумораи муҳоҷирони дохилӣ дар ҷаҳон ду баробар афзуда, ба 83 миллион нафар расид, ки сабабу омилҳои он дар 90 дарсади мавридҳо таҳаввулоти геополитикӣ ва бӯҳрони иқлимӣ будааст.

Ин маълумот дар гузориши солонаи Шӯрои паноҳандагони Норвегия нашр шудааст. Мавҷи нави оворашавӣ дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Судон, ки шумораи муҳоҷирон аз 11 миллион нафар гузашт, ба вуҷуд омад. Ба феҳрасти кишварҳое, ки мизони овораи онҳо афзоиш ёфтааст, Афғонистон, Эрон, Венесуэла ва Сурия низ шомил шудаанд.