Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон»

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии Китоби Теҳрон, ки имрӯз 07 майи соли 2025 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз гардид, ширкат дорад. Дар ин бора Иброҳим Аҳмад, сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон ба Радиои Тоҷикистон хабар дод.

Иштироки фаъоли намояндагони соҳаи табъу нашри Тоҷикистон дар чорабинии мазкур тадбири муҳим дар таҳкими пайвандҳои фарҳангӣ ва адабии байни Тоҷикистону Эрон ва ҳамзамон муаррифии мероси пурғановати адабии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар намоишгоҳи мазкур бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ғурфаи Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар он бештар аз 400 номгӯй китобҳои тозанашр иборат аз осори классикӣ ва намунаҳои адибони муосири тоҷик пешкаши ҳаводорону алоқамандони каломи бадеъ гардид.

Аз ҷумла, осори арзишманди классикони тоҷику форс, ки дар таърихи адабиёти ҷаҳонӣ мақому манзалати хоси худро доранд, ба мисли Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Хоҷа Ҳофизу Саъдии Шерозӣ, Бедилу Ҷомӣ ва намунаҳои эҷодиёти намояндагони адабиёти муосир- Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор, Муҳаммад Ғоиб ва дигарон, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо тарҳу ороиши ҷолиб аз ҷониби нашриёту матбааҳои ватанӣ ба табъ расидаанд, ба намоиш гузошта шуд.

Ҷойгоҳи махсус ба китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда буд, ки мавзуҳои таърихи халқи тоҷик, эъмори давлатдории навини тоҷикон, таҳкими ҳуввияти миллӣ, сулҳу ваҳдат ва рисолати забони ноби тоҷикӣ дар марҳилаҳои гуногуни таърихи миллати куҳанбунёди тоҷикро дар бар мегирифт.

Ба хусус, китобҳои Пешвои муаззами миллат «Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат», » Забони миллат ҳастии миллат», ки ба забонҳои форсӣ, русӣ ва англисӣ тарҷума шудаанд, таваҷҷуҳи меҳмонони намоишгоҳро ҷалб намуд.

Ин осор нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сифати сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳимоятгари арзишҳои миллӣ бори дигар собит намуда, ҳамзамон барои пажӯҳишу омӯзиши таърихи давлатдории муосири тоҷикон ба сифати манбаҳои муътамади илмй хидмати арзишманд хоҳанд кард.

Боиси қайд аст, ки қабл аз оғози маросими ифтитоҳи намоишгоҳ аз ғурфаи Тоҷикистон раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф дидан карда, доир ба ҳаҷму мӯҳтавои китобҳои пешниҳодшуда суҳбат орост.

36 -умин Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» то 17 май идома ёфта, дар доираи он ҳамзамон маҳфилҳои фарҳангӣ , аз қабили муаррифии осори адибони тоҷик, мубоҳисаҳо дар бораи нақши адабиёт дар қаробати фарҳангҳо , таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои ноширони тоҷик бо ҳамтоёни эронӣ, ки решаҳои муштараки таърихӣ доранд, сурат хоҳанд гирифт.
Ҳадаф аз ширкати намояндагони Тоҷикистон дар чорабинии мазкур тарғиби адабиёти тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ва тақвият бахшидани робитаҳои фарҳангии байнидавлатӣ мебошад.

Иштирок дар Намоишгоҳи байналмиллалии «Китоби Теҳрон», ки яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои Осиё (бо зиёда аз 2 миллион тамошобин) ба ҳисоб меравад, барои Тоҷикистон имкониятҳои фаррох бобати ҳифзу рушди мероси пурғановати адабӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои муштараки байнамилалӣ дар самти тарҷума, таҳқиқоти илмӣ ва табодули таҷриба бо адибону ноширони хориҷӣ фароҳам хоҳад овард.