Шоми дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбасти Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ – «Наврӯз» баргузор гардид. Дар маросим намояндагони театрҳои Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва дигар сокинони шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар маросим Дилрабо Мансурӣ муовини сарвазири мамлакат суханронӣ карда, иброз намуд, ки дар доираи Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ – «Наврӯз» давоми чанд рӯз мехмонон аз кишварҳои ба мо дӯст бо намоишномаҳои рангорангашон ба сокинони шаҳри Душанбе ғизои маънавӣ бахшиданд.
Дар идомаи маросим аз ҷониби тадорукоти фестивал ба намояндагони театрҳои давлатҳои иштирокчӣ диплом ва ҷом тақдим карда шуд. Абдукарим Машрабов директори Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки дар доираи фестивал Театри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон барои аз нав таҳия кардани намоишномаи «Достони Сиёвуш» бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистону Узбекистон, изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Ҳамчунин дар маросим аз ҷониби санъаткорони давлатҳои иштирокчӣ барномаи фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ – «Наврӯз» аз 2 то 6 майи соли равон идома кард ва дар доираи он кишварҳои иштирокчӣ беҳтарин намоишномаҳои худро манзури тамошобинони тоҷик гардонанд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»