29 апрели соли 2025 cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Марокаш (бо қароргоҳ дар ш. Қоҳира) Парвиз Мирзозода дар шаҳри Работ ба вазири корҳои хориҷӣ, ҳамкории африқоӣ ва марокашиҳои бурунмарзии Шоҳигарии Марокаш Носир Бурита нусхаи эътимодномаи худро супорид. Дар ин бора, сомона ВКХ ҶТ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, сипас Парвиз Мирзозода ва Носир Бурита масоили муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Марокашро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.