Асоси пешравии оила, албатта, оилаи солиму бофарҳанг маҳсуб меёбад. Барои он ки ҷомеаи мутамаддин пешрафта бошаду фарҳангу маърифати оиладорӣ хуб ба роҳ монда шавад, ҳар як фарди ҷомеа бояд сари ин масъала хуб биандешад. Вақте зану мард бо ҳамдигар хонадор мешаванду фарзанд ба дунё меоранд, бояд ки унсурҳои оиладлориро пос доранд. Бо ҳамдигар муносибати меҳрубонона дошта, фарҳангу маърифати оиладориро риоя кунанд.
Маърифати баланди оиладории волидайн на танҳо дар тарбияи фарзандон, балки дар ҳаёти мустақили ҳар як фарзанд нақши ногузир мегузорад. Чунки ҳар амали хубу бади падару модар ба фарзандон таъсири худро мерасонад. Саидзода Баҳрулло, мудири кафедраи психологияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки: «Оила аввалин институти иҷтимоӣ буда, рушди ҷисмонӣ, маънавӣ ва раванди иҷтимоии инсон аз он сарчашма мегирад. Маърифати баланди оиладории волидон ва аҳамияти он дар ҳаёти фарзандон дар дида баромадани муносибатҳои тоникоҳии ҷавонон ошкор мешавад. Агар ҳар қадар сатҳи маърифатнокии волидон воло бошад, фарзандони онҳо дар ин замина тарбия мегиранд ва барои бунёди оила чашмрас мегарданд. Ва дар сурати ин талабот риоя нашудан, яке аз омилҳои пошхурии оилаҳо ва ба тарбия фаро гирифта натавонстани фарзандони худ сарчашма мегирад. Зеро ки дар таҷрибаи худ дар оилаи худ ҳамин шакли муносибати нодурустро дидааст ва инро дар муносибати оилавии худ ҷорӣ мекунад». Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мооила аввалин маконест, ки кӯдак дар он рушд ёфта, тарбия мегирад.Ҳар гуна бенизомӣ ва мушкилиҳои ахлоқии волидайн, ки дар оила ба миён меояд, бевосита ва ё бавосита дар рафти тарбияи кӯдакон таъсири худро мегузорад. «Маърифати баланди оиладории волидайн на ин ки дар таълиму тарбияи фарзанд ва ҳатто дар ҳаёти мустақилонаи фарзандон нақши ногузир мебозад»- таъкид мекунад равоншинос, Саидзода Баҳрулло. Дар ин баробар, ҳамсуҳбати мо иброз медорад: «Ҳар амалеро, ки падару модар анҷом медиҳанд, дар кӯдак таҷриба мешавад. Идеали ҳар як кӯдак ин волидони ӯст. Чунки устоди аввалини кӯдак модар аст. Баъд аз сесолагӣ вобаста ба хусусияти гендерӣ духтарбача ба модар, писарбача ба падар пайравӣ мекунад. Аз тарзи гуфтору кирдору рафтор сар карда, то ба тарзи либоспӯшӣ тамоми ҷанбаҳои падару модарро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд». Ба ақидаи ҳамсуҳбати мо амнияти оила амнияти ҷомеаро таъмин мекунад. Агар дар оила мушкилӣ бошад, пас, дар ҷомеа низ мушкилӣ аст. «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи танзими муносибатҳои оилавӣ, фароҳам овардани имкониятҳо барои барпо кардани оила Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»-ро мавриди корбарӣ қарор додааст. Мутаассифона нозукии масъала дар он аст, ки худи волидайн низ дар риояи ҳамин қонунҳо каме саҳлангорӣ мекунанд. Дар оилаҳое, ки хушунату зӯроварӣ дида мешавад, дар он оила фарзандон дар рӯҳияи бад қарор доранд» иброз медорад, Саидзода Баҳрулло.
Дар оилае, ки ҳамдигарфаҳмӣ, самимият ва эҳтиром миёни ҳамсарҳо вучуд надорад, ба ҷойи оромиву хушбахтӣ кинаву ситеза, моҷаро ба вуҷуд меояд, ки ба пойдории оила, махсусан ба равони кўдакон таъсири бад мерасонад. Зану шавҳар барои осудагии фарзандон ва хушбахтии оила бояд ба якдигар гузашт карданро омўзанд. Дар назди фарзандон бо овози баланд гап задан ё бо ҳамдигар ҷангу ҷанҷол кардан аз рӯйи одоб ва эҳтиром нест. Зану шавҳар бояд эҳтироми ҳамдигариро ба ҷо оранд. Оила аввалин мактабест, ки кӯдак дар он тарбия мегирад. Агар волидон ҳар як сухан ва амали худро дар тарозуи ақл баркашанд, баъдан онро дар амал татбиқ намоянд, ин барои фарзанд нақш мебозад.
Бисёр ба мушоҳида мерасад, ки ҷавонони имрӯз оила бунёд мекунанд, вале якчад муддат зиндагӣ накарда, зуд хонавайрон мегарданд. Сабаб дар он аст, ки онҳо дар ҳаёти оилавӣ якдигарфаҳмӣ надошта, бо ҳам муносибати хуб надоранд. Эҳтироми якдигарро ба ҷо намеоранд. Аз чунин муомилаи волидон фарзандон низ меомӯзанду дар ҳамин гуна рӯҳия тарбия мегиранд. Асоси пойдории оила аслан зан-модар аст. Дар баробари корҳои ҷамъиятӣ ҳар як зан уҳдадор аст, ки вазифаҳои оилавиро, ки бар дӯш дорад, мустаҳкам намояд. Роҳҳои пешгирии низоъҳои оилавиро донад. Дар ин маврид Саодат Ахиева, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ ибрози андеша намуда, мегӯяд, ки: «Дар ҷомеашиносӣ оила ва нақши зан аҳамияти калон дорад, зеро қувваи маънавӣ ва иҷтимоие, ки асоси оила мебошад, бештар ба фаъолияти зан-модар вобастагӣ дорад. Аз ин сабаб муҳимтар он аст, ки зан бояд дар фаъолияти худ ҳам вазифаҳои оилавӣ ва ҳам вазифаҳои иҷтимоиву истеҳсолиро муттаҳид созад, ки ин сарбории кор ва масъулияти ӯро хеле зиёд мекунад. Кӯдакон қисми оила мебошанд. Маҳз дар оила иҷтимоишавии ибтидоии инсон сурат гирифта, асоси ташаккули ӯ ҳамчу шахсият поягузор мешавад».
Аз нуқтаи назари Саодат Ахиева оила ниҳоди асосии иҷтимоии шахс буда, падару модар офарандагони асосии шахсиятанд. Фарзанд зарфи холиест, ки бояд бо маданият пур карда шавад. «Роҳи асосии иҷтимоишавии оила он аст, ки кӯдакон намунаҳои рафтори аъзоёни калонсолони оиларо нусхабардорӣ мекунанд. Агар кӯдак ба намунаҳои ноком ва ғайриҷамъиятии рафтори волидайн, ки дар муқоиса ба он чизе, ки дар ӯ дар оилаи дигар мебинад, роҳнамоӣ меёбад, дар ҷомеасозӣ мушкилот ба миён меояд. Агар намуна ва рафтори оила ва меъёрҳои иҷтимоӣ бо ҳам мухолиф набошанд, раванди ташаккули шахсият бидуни инхилоф идома мекунад. Муносибатҳои солимии оилавӣ ҳисси муҳаббат, амният, худшиносӣ ва ҳисси умумии некуаҳволиро инкишоф медиҳад. Бояд бештар муносибатҳои хуби оилавиро ба роҳ монем»- таъкид кард ҳамсуҳбати мо. Ӯ иброз намуд, ки оилаи солимро ташкил кардан ва оилаи хуби бомеҳру муҳаббат доштан аз ҳар яки мо вобастагӣ дорад. Ӯ мегӯяд, ки ҳар яки мо шуур дорем, ақл дорем, мафкура ва тафаккур дорем ва ояндаи худро худ месозем. Ва барои насли худро гузоштан ва ҳаёти солими худро доштан ва ҷомеаро пеш бурдан, мо бояд якдигарфаҳмиро ҷорӣ карда тавонем.
Сарчашмаи таълиму тарбияи кӯдак, пеш аз ҳама, аз муносибати солими оила, аз муносибати зану шавҳар дар оила, аз муносибати падар нисбат ба модари фарзандон мебошад. Бунёди оилаи солим аз худи ҳар як шахс вобаста аст. Дар ҳаёти муситақил ҳар як фард бояд ақлу шуури худро кор фармуда якдигарфаҳмиро ҷорӣ карда тавонад. Имрӯз як мушкилии дигар, ки фарзандонро ба ташвиш меораду то ба дилмондагӣ аз ҳаёт бурда мерасонад, ана ҳамин нофаҳмиҳо байни ҳамсарҳо ва ба фарзандон бетаваҷҷуҳ будани онҳо мебошад. Вақте фарзанд аз падару модар меҳру муҳаббат надид, ӯ дар оянда ба фарзандони худ ҳам меҳру муҳаббат дода наметавонад.
Дар оилаи тифоқ, ки иззату эҳтироми якдигарро медонанд ва ё ба маслиҳати ҳамдигар амал мекунанд, бартараф намудани душвориҳо осон мегардад. Одобу эҳтиром байни зану шавҳар омили асосӣ буда, барои тарбияи хушахлоқии фарзандон воситаи муҳим мебошад. Вобаста ба роҳҳои пешгирии низоъҳои оилавӣ равоншинос, Саидзода Баҳрулло изҳори ақида намуд: «Алифбои оиладорӣ аз мо бояд сар шавад. Яъне аз ду «ман» мо бояд «мо» ташкил шавад. Ин шиори ҳар як оила бояд бошад. Зери ин шиор фарзандони баркамол, шахсият, сохт ва инчунин оилаи солим низ сад дар сад имкони ташкилшавӣ ва ташаккул ёфтанаш дида мешавад. Барои пешгирии низоъҳои оилавӣ гап сари маърифати волидон меравад. Падар бояд чӣ кор кунад ва модар бояд чӣ кор кунад? Дар аксари оилаҳое, ки анъанавӣ ҳастанд, мард ҳамчун ҳукмфармои оила ҳисобида мешавад ва корҳои оилавӣ гӯё барои ӯ номумкин аст. Вақте фарзанд мехоҳад барои иҷрои вазифаҳои хонагӣ падар ба ӯ кӯмак кунад, падар худдорӣ карда, ба модар вогузор мекунад. Яъне «ин вазифаи ман нест» — мегӯяд падар. Ҷанбаҳои психологии муносибатҳо сарфи назар мешаванд». Ба ақидаи ӯ ҳамсар ҳам ба меҳру муҳаббат, сайругашт ниёз дорад. Вақте ҳолати эмотсионалии зан қонеъ мешавад, ҳатто ҳолати моддиро низ сарфи назар мекунад. «Вақте ки ӯ хушҳол аст, хушбахт аст, хурдтарин кореро барои оилаи хеш анҷом медиҳад. Ана ҳамин ҷанбаҳо маҳаки асосии пешгирии низоъҳои оилавиро ташкил медиҳанд»- иброз медорад, равоншинос, Саидзода Баҳрулло.
Вақте оила бофарҳанг аст, албатта фарзандон низ боақлу тамиз ба камол мерасанд. Волидон бояд бо рафтору гуфтори шоистаи инсонӣ намунаи фарзандон бошанд. Падару модарон бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки муносибати дӯстона ва меҳрубононаи худро дар назди фарзандон афзун намоянд. Ва баҳри пешгирии низоъҳои оилавӣ ҳамеша ақидаи солим доша бошанд.
Зарина Мухторзода,
радиои «Тоҷикистон»