3-юми май ба ифтихори Рӯзи санъати минонигорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳсули кори рассом-наққоши маъруфи тоҷик Олим Камолзода баргузор мегардад.
Намоиши асарҳои ин минонигор ва мусаввири пурҳунар баргирифта аз “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ буда, аксари асарҳои ӯ силсилаи достонҳоро қисса мекунад. Намоиши асарҳои Олим Камолзода то як моҳ дар Осорхонаи миллӣ идома хоҳад кард.
Ҳамчунин дар моҳи май қарор аст, ки бахшида ба гиромидошти 700-солагии шоири классики тоҷик Ҳофиз Шерозӣ дар Пориси Фаронса маҳсули эҷоди баландғояи ин мусаввири номии тоҷик баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки Олим Камолзода миёни 50 давлати дунё, минҷумлаи Фаронсаву Ҳиндустон, Эрону Афғонистон, Покистону Муғулистон, Озарбойҷону Ӯзбекистон, Амрикову Аврупо ва чанде аз ҳамин шумулкишварҳои дунё дар риштаи минётурнигорӣсазовори ҷоизаи арзанда гардида, ному шарафиТоҷикистонро ба ҷаҳониён ово дода, ки аз ин сарнавишт, дудаву дудмони хештанро колои зебоиву бузургӣ бахшидаву ба санъати волои миллӣ пероҳани пероста бо зевари ҳаккокӣ ба шеваи офаридгорӣ пӯшонда. Ин хонаводаи ҳунарвар даркишвари Тоҷикистон чи ки, атрофу акнори дигариофоқ ҳам шуҳрату шони волоро соҳибанд. Аз хусусикору амали шоиставу лоиқи сутурданӣ ва зиндагиимоломол аз рангҳои Олим Камолзода ва мактабигуфтану ангоштан ҷойи сарфарозиву ифтихор аст.
Борҳо дар Осорхонаи миллии кишвар ва толори барҳавои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Намоиши муҳташами асарҳои Олим Камолзода-ин минонигори моҳири тоҷик таҳтиунвони “Пайравони Беҳзод” ва ҳам асарҳоитозаангори бо ҳузури меҳмонони воломақом, санъашиносону адибон, аҳли илму хирад баргузоргаштааст. Мақсади баргузории маъракаи мазкурро санъатшиносону дидаварони ҳунари асил ба ҳар зайлмаънидод мекунанд.
Ҳамчунин соли 2016 дар Донишкадаи давлатии санъати тавсирӣ ва дизайни Тоҷикистон махсус факултети минётурнигорӣ ба роҳ монда шуд ва то имрӯз шогирдон таълим мегиранд.
Минётурнигорӣ дар даврони Камоллидин Беҳзодба ҳадде рушду нумуъ карда буд, ки овозаву шуҳрати миллати тоҷикро аз ҳудуди дидаҳову шунидаҳоберун бурда буд. Ин равия як муддат миёни халқи мотаваққуф хурда, маҳз дар аҳди Истиқлол дубора руҷуъ кард, ки Олим Камолзода дар ин кор саҳми намоён дорад.
Лутфуллои Азиз